Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ПОВЕСТ
ЗаНги аввал
Занак ба писар либоси мактабӣ пўшонд ва рў ба рўяш сари по нишаста, ба оғўш кашида бўсиду бархоста «Рафтем, дадаҷон»
гуфт.
Писарак ҷаҳида аз остона берун баромад ва баргашт:
— Китобҳо монд!
— Имрўз бекитоб меравед, бо муаллимҳо ва талабаҳои синфи даҳ шинос мешаветон, – фаҳмонд занак.
Писарак завқ бурда хандид ва бо даст даҳонашро дошт, то ҷои дандони ғалтидааш намоён нашавад.
— Бибиҷон, гўед, чӣ хел мешавад?
— Равем, худатон мебинед. Сабр кунед, дада, як даста гул гирем, ба муаллиматон медиҳед.
Писарак дар дасти росташ гулдаста ва бо дасти чап дасти бибиро дошта мерафт. Зудтар ба мактаб расидан мехост.
— Бибиҷон, ҳоло мактаб дур аст?
— Не, ҳоо мебинед, баччаҳо рафта истодаанд.
Саҳни мактаб хеле хуб оро дода шудааст. Гирдогирд курсӣ гузоштаанд. Дар курсиҳо падару модарон нишастаанд. Онҳо як-як омада баччаҳояшонро ба муаллим нишон диҳанд ва гузашта нишинанд. Дар байн талабаҳои синфи даҳ қатор андар қаторанд.
Дар рў ба рўи майдон дар паси мизҳои бо алвон пўшида муаллимон нишастаанд. Дуртар аз онҳо дастаи навозандагон «Занги аввал»
ном мусиқиеро менавозанд. Муаллимон навмактабиёнро як-як ба саф мемонанд, онҳо мисли тойчаҳо ноороманд. Писарак аз бибиаш дур нашуда буд. Як мухбири радио ба онҳо нигоҳ карда қадаме пеш андохт, боз таҳаммул карда ба мўйҳои мошубиринҷи занак, ки аз дур кабудча метофт, ба чеҳраи ботароват, чашмони ҳаётдидаи ў зеҳн монд, пас наздик шуда пурсид:
— Шумо модари ин писарча ҳастед?
— Модаркалонаш...
Мухбир дигар савол надода, гузаро шуд. Ба ҷои мухбир суратгире пайдо шуд ва сурати занаку писаракро гирифт.
— Писаратон? – пурсид суратгир.
— Набераам...
— Шумо дар бораи аввалин бор ба мактаб рафтани худатои ва набераатон ягон чиз гуфта метавонед?
— Инҳо хушбахтанд, – гуфт занак ва хомўш монд.
Суратгир аппарати суратгириашро ба гардан овехт ва гуё рамузе гирифта пурсид:
— Шумо чӣ?

пешина
аз 470
навбатӣ