Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман гўё дар рўзи наҳс ба дунё омадаам. Агар маро ягон кас аз ин бахт ҷудо мекард, ман тамоман аз зиндагӣ ҷудо шуда, мисли моҳӣ дар рўи реги соҳил метапидаму оқибат даҳон мекушодам.
Зиндагӣ бо хубиаш ҳам касро менавозаду бо бадиаш ҳам. Бадиаш насиби ман шуд. Мегўянд, ки зиндагии бад талх аст. Лекин барои ман ширин буд. Зиндагиро аз сар ширин наофаридаанд, балки оқилон онро ширин карданд, талхиашро чашидаанд, лекин гуфтанд «ширин». Бале, зиндагӣ ширин аст. Мисли занбўри асал аз гулҳои он баҳра бурда, ба мардум асал бояд дод...
Калон мешудам. Падарам ягон бор ҳам намеомад, ҳар вақт «падарам куҷост?» гўям, «ба шаҳри дур рафтагӣ, зоча меорад»
мегуфтанд. Баъд дар тасаввурам зочаҳои зиёдеро меовардаму бозӣ мекардам ва чун аз онҳо нишоне намедидам, аз модарам мепурсидам; боз «сабр бикун» мегуфт ва рўй гардонида бо гўшаи рўймол ашкашро пок мекард. Барои он ки ў ором шавад, худро ба гарданаш меовехтам.
«Бибиҷон, гиря накунед, худам рафта падарамро меорам» мегуфтам, вале ў хуб аламашро мебаровард, баъд барои дилбардории ман табассум мекард. Вале дили ман ором намегирифт: «чаро падарам намеояд, ў дар куҷост, моро партофтааст?» мегуфтам. Ман нигарон будам ва ҳар рўз назди дарвоза интизорӣ мекашидам.
Дар мактаб дугонаҳоям аз ман мепурсиданд, ки «падарат куҷост?», ҷавоби модарамро мегуфтам: «дар шаҳри дур», вале намедонистам, ки номи он шаҳр чист ва дар куҷост... Оқибат ин сирро аз забони Аҳрор фаҳмидам. Модараш гуфтааст:
«Чанд марди самарқандӣ барои дидани фарзандҳояшон бо роҳи Шаҳрисабз ба Бухоро мераванд. Падари ман ҳам писараш Муродро диданӣ рафтааст. Онҳо дар роҳ ба босмачиҳо дучор омадаанд. Босмачиҳо ҳамаро сар задаанд, вале «усто Сиддиқ боз ба мо дарвозаҳои қўқандӣ месозад» гўён падарамро раҳо кардаанд, ки ба Бухоро равад. Нохалафе хабар медиҳад, ки усто Сиддиқ ба аскарони сурх мактуб мебарад. Босмачиён аз паси падарам асп монда ўро дармеёбанд, аз соқи маҳсияш дастаи пулро мегиранд ва аз байни он мактуберо меёбанд, ки бояд ба аскарони сурх мерасондааст. Аспсавори сиёҳпўш, ки ду дандони пешаш набудааст, ба як марди қоқинаи сиёҳ имои бурут кардааст. Он мард аз асп пиёда шуда, аз китфи падарам дошта, ба бероҳа тела додааст.
Падарам як ба он мард нигариста оҳиста гуфтааст: «ҳамсоя, ба шумо чӣ шуд?» Марди қоқина, ки аз қаъри чашмони фурўрафтааш хун мерехтааст, табассум карда, ўро боз тела додааст. Падарам ҳам табассум карда қадам васеъ партофтааст.
Босмачиҳо бероҳа шуда, байни дарахтон рафтаанд ва рўи сабзаҳои навруста қадам зада, аспҳоро ба алаф гузоштаанд ва Усторо ба танаи дарахте бастаанд.

пешина
аз 470
навбатӣ