Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Усто, мактубро ба кӣ мебарӣ?
— Ин коғазро ёфтам. Аз рўи эҳтиёт гирифта мондам.
— Ҳоло намедонӣ?
— Не.
— Ҳмм...
Марди сиёҳпўш имои бурут кардааст. Чанд нафар даҳ-понздаҳ қадам пушт рафта, саф оростаанд. Дар дасти ҳар кадоме корд.
Чашм ба марди сиёҳпўши аспсавор медўхтаанд. Ў каллаашро бо аломати амр бардоштааст. Аз рост яке кордро пеш ёзонда, дид карда ва даст пушт бурда, якбора ҳаво додааст. Корд ба ресмон расида чанд торашро бурида, ба қафо паридааст. Қафаси синаи ў ба пеш дамида баромадааст. Корде бар он задаанд, ки пас нишинад.
Аз зарби талвосаи ҷон банд канда шудааст, боз корде расидааст.
Падарам чанд қадам пеш монда ду корди сари синаашро бо ду даст дошта баланд фарёд задааст: «Ба дарҳои мадраса нависед, ки амали усто Сиддиқи Зарринқалам!» ва ду кордро ба замин рост карда ба дил афтидааст.
Марди қоқина ба Бухоро рафта, хабари кушта шудани падарамро ба Мурод расондааст. Мурод барои дафни падар ва интиқом гирифтан омадааст. Босмачиён, ки аз мактуб огоҳ будаанд, мавқеи худро дигар кардаанд ва Муродро ҳам дар ҳамон дарахт баста куштаанд.
Рўзе, ки аз ҳавлии мо ҷуфттобут баровардаанд, ман ба дунё омадаам...»

2

Аҳрор аз ман се синф боло буд. Мо доим ҳамроҳ ба мактаб рафта меомадем. Нақли Аҳрор охирин умеди маро барбод дод.
Ман дигар падар ва бародарамро интизор намешудам. Бояд андармонии дигаре ёбам.
Аммо чӣ гуна андармонӣ? Ёфта натавониста мисли пардамавҷҳои кўл сим-сим рў-рўи об ҷило медодаму пинҳон мешудам.
Дар хона шишта наметавонистам, дилам буғз мекард, ҳамин ки аз мактаб омадам, як порча нонро мегирифтаму тозон ба кўча мебаромадам ва ба сўи мадрасаи Бибихоним мерафтам.
Аз ин рафтори ман касе огоҳ набуд. Мадраса як ҷои хилвате буд. Ба ман мегуфтанд, ки он ҷо даромадан мумкин нест ва агар лозим шавад, аз дари калон бояд кас чек гирифта дарояд. Маро нигоришҳои беҳамтои манори каҷ ва гунбади он ба ҳайрат гузошта буд. Як қисми гунбади мадраса футур рафтааст, вале боду борон ранги ороишҳои онро шуста наметавонад, офтоб ҳам ранги онро намебарад, хиштҳо ҳамчун оинаҳои ранга аз офтоб муҷалло мешаванд...

пешина
аз 470
навбатӣ