Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин гуна қаҳрамонони тахайюлӣ дар романҳои «Зарафшон» ва «Кадевар» низ ҳастанд. Адибони ҳунарманд дар ҳамаи давру замон дар офаридаҳояшон воқеаҳои зиндагиро ба танзим даровардаанд, такмил додаанд, каму зиёд кардаанд ва пасон ба қалам овардаанд. Ва ҳодисаву воқеаҳои зиндагӣ, чеҳраҳои шахсиятҳои воқеӣ зеботару равшантар, гўётару хонотар намудор шудаанд. Сорбон аз ин қатор истисно нест.


Руҷўъ ба таърих кардани Сорбон идомаи суннати адабиёти кунунии тоҷик мебошад. Ин корро аз ҷумла устод Садриддини Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҷумъа Одина, Кўҳзод ва дигарон карда буданд. Маъмулан онҳо инро дар вақтҳое кардаанд, ки аз тасвири бевоситаи ҳақиқати воқеӣ бар асоси мулоҳизае худдорӣ мекарданд, муҳофизакор буданд, аз баёни ошкоро бим доштанд, меҳаросиданд. Яке аз ангезаҳое, ки Сорбонро ба навиштани романҳои «Кадевар», «Туғрал», «Достони писари Худо»
водор намудааст, дар ҳамин мебошад. Саргузашти Искандари Мақдунӣ, Туғрали Аҳрорӣ ва Абдулҳамиди Абдулхолиқ ба ў имконият додааст, ки андешаҳояшро дар бораи ҷанги девонавори тоҷикон, табаддулоти болшевикии Бухоро (дар таърих бо номи «инқилоби сурх» ёд мешавад) ва солҳои охирини ҳукмронии ҳизби коммунисти шўравӣ баён намояд. Таърих барои нависанда воситаи баёни масъалаҳои доғи рўз гардидааст.
Дар байни асарҳои Сорбон, ки асоси таърихӣ доранд, романи «Достони писари Худо» аз ҳар ҷиҳат фарқ дорад. Агар китобҳои якум ва сеюми романи «Зарафшон» – «Ниёз-кончӣ» ва Туғрал»
сирф ба таърихи дуру наздики ватанӣ бахшида шуда бошанд, «Достони писари Худо» ба таърихи дури Юнон ва Тоҷикистони таърихӣ, ба лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ ба кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла ба сарзамини бостонии мо бахшида шудааст.
Сорбон, тавре ки худ дар муқаддимаи романаш ёдовар шудааст, заҳмати зиёдеро ба худ раво дидааст ва осори илмӣ, адабии фаровонеро мисли як муҳаққиқи асил омўхтааст, то чеҳраи воқеии онро дар адабиёти бадеӣ ба вуҷуд биёрад. Адиб эътимод бар он дорад, ки дар тамоми асарҳои адабии то имрўз дар Шарқу Ғарб таълифгардида чеҳраи воқеии Искандар бозтоб наёфтааст. Дар ин амри савоб, вале бағоят заҳматталаб ва фурсатталаб ба ў таҳқиқоти донишмандони таърихшинос ва адабшинос, монанди китоби аллома Бобоҷон Ғафуров ва Сибукидис «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ», Шахермайр «Искандари Мақдунӣ», Абулкаломи Озод «Куруши Кабир» ва ғ. ёрӣ расонидаанд. Ва ў муваффақ шудааст, ки чеҳраи воқеии Искандарро мушаххас созад.
Низомии Ганҷавӣ ишора ба он намудааст, ки гузаштагони мо ба Искандари Мақдунӣ аз се нигоҳ нигариста буданд:

пешина
аз 470
навбатӣ