Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбон дар ҷодаи таҳқиқи маводи нав пайгирона фаъолият дорад ва ба сарҳади камоли маҳорат наздик мебошад. Ҳунари асили нависандагӣ он аст, ки вай ҳам дар тасвири воқеаҳои дида, дониста ва шоҳиди ҳол будааш, ҳам дар шунида, хонда ва омўхтагиҳояш даст ёбад. Нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой дар оғози повести «Ҳоҷӣ Мурод» навиштааст: «Ва маро як таърихи деринаи қафқозӣ ба ёд расид, ки қисме аз онро ман дидам, қисмеро аз шоҳидон шунидам, қисмеро ба худ тасаввур намудам. Ин таърихе, ки дар хотираам ва тасаввурам танзим шуд, чунин аст».
Толстой дар ҳунари нависандагӣ ба ҳадде расида буд, ки барои вай чизҳои шунидагӣ, дидагӣ, хондагӣ ва тасаввуриаш як хел буданд.
Феълан Сорбон ба ҳамин марҳалаи мурод дар кори офаринишӣ оҳиста-оҳиста наздик мешавад.
Сорбон бо мурури замон ва баробари дар навиштани навъҳои бузургтари наср малака ва маҳорат пайдо кардан аз маҳдудаи маконӣ ва замонии Амондара берун баромада, назар ба таърихи дуру наздики водии Зарафшон (китобҳои якум ва дуюми «Зарафшон», «Кадевар» (2006), «Туғрал» (2007) ва Тоҷикистони таърихӣ («Достони писари Худо» (2006) кардааст. Муаллиф дар ин асарҳояш ҳамчун муаррих ва муҳаққиқи нуктасанҷ амал карда, аз миёни анбўҳи ҳодисаву воқеаҳои он давраҳо онҳоеро интихоб намудааст, ки ба биниши ҳунарӣ ва сабки нигорандагиаш мувофиқ ва муносиб мебошанд.
Сорбон дар асоси нақлу ривоятҳо ва ёддоштҳои мухтасар, канда-канда ва маълумоти номукаммал ва пур аз тазоди сарчашмаҳову таҳқиқоти донишмандон ривояти худро дар замина офаридааст. Ба сухани дигар, онҳоро аз ҳаллоҷии тафаккуру эҳсоси худ гузаронида, моли худ кардааст. Аз ин сабаб ҳам Искандари ў ба Искандарҳои дигар монанд нест. Искандари ў бештар ба Искандари таърихӣ мувофиқат дорад. «Дар адабиёти ҷаҳонӣ,
– навиштааст Сорбон, – дар ин мавзўъ панҷ ҳазор номгўй асар навишта шудааст. Искандарро аз лашкаркашӣ то пайғамбарӣ ва писари Худо будан кашидаанд. Искандари воқеӣ, заминӣ, мустабид ва хунхорро фаромўш кардаанд».
Агарчи ҳамаи он чи Искандари нависанда ва қаҳрамонони асарҳои дигари ў, монанди Ниёз-кончӣ, Туғрал, Абдулҳамиди Абдухолиқ мегўянд ва амал мекунанд, дар асл чунин набудааст.
Ин қаҳрамонон мисли дигар шахсиятҳои адабии ў нусхабадали шабеҳаҳои таърихӣ ва воқеии онҳо нестанд. Онҳо бофтаҳои нависандаи тоҷик ва маҳсули хаёлоти бадеии ў низ мебошанд.
А.Сайфуллоев яке аз аввалин мунаққидонест, ки романи «Достони писари Худо»-ро муфассал баррасӣ намудааст, дар замина навиштааст, ки шахсиятҳои адабие, мисли Онаниюс, тоҷири отинӣ ва духтари ў Тойис, Эрис, Сосони ҷосус, Бижани Бобулӣ, духтари Доро Гулгун, Пирони табиб, моҳигири пир маҳсули тахайюли адиб мебошанд.

пешина
аз 470
навбатӣ