Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

«Сафедори баланд як навдаву сад барги тар дорад, Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад?!»
Комил ҳайрон шуд, ки чаро мўйсафед чунин суруд мехонад.
Ў нағз медонад, ки мўйсафед аз фарзандонаш гила надорад. Ду нафар хурдиашон ба ҷанг рафтанд. Калониаш говбон.
Мўйсафед об оварда, хитоб кард:
— Мулло Муҳаммадӣ, обро гиред, писарам!
Ба ҷои Муҳаммадӣ ман обро гирифтам.
— Духтарам, он кас гиранд, хуб набуд?
Ҳамин вақт асп шиҳа кашид.
— Кӣ! – хитоб кард Саид-бобо ва оҳиста ба гўши ман гуфт:
– Духтарам, боз карасиндуздҳо омаданд. Аз ҷонам безор карданд.
Абтолро ҳам медузданд... Кӣ?!
— Бобоҷон, парешон нашавед, вай аспи раис.
— Ээ, мулло дар куҷо?
— Дар болои трактор.
— Э, ассалому алайкум, – мўйсафед остинҳои яктакашро болотар кашида сўи трактор рафт.
Нисфи оби кўзаро дам кашидаму баъд ба трактор андохтам...
Ман тракторро ба сўи офтоббаро гардонида, хомўш кардам.
Абрҳои болои кўҳҳо, ки хокистарранг шуда буданд, ба ларзиш омаданд. Баъд аз паси абрҳо як уқёнуси кабуди беғубор падид омад.
Абрҳо гулобӣ шуданд. Панҷаи офтоб аз домани абрҳо дошт.
Ҳар ду даст бардоштем, то офтобро кафи даст гирем.
15
Тирамоҳ. Санглох шудгор шуд. Боз як раҳ ронда, гандуми тирамоҳӣ мекорем, вале тухмӣ ба замин наафтида Муҳаммадиро ба ҷанг даъват карданд... Ман бояд шабу рўз кор кунам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ман трактор мерондам. Пирамарде тухм мепошид, як ҷуфт барзагов мола мекард. Села-села кабўтарон дон мечиданд.
Қаровул кабўтаронро «ҳой-ҳой» гуфта пеш мекард....
Пагоҳии барвақт омадам. Аз дур чанд сиёҳӣ менамуд. «Зоғон дон мечинанд» гуфтам ба худ. Наздиктар рафтам, ду духтарчаву як писарак парида хеста, калавида-калавида гурехтанд. Ҷои нишастаашонро рафта дидам. Панҷаи дасту пойҳояшон ба рўи хоки нарм нақш баста буд. Ду-се чўбча меистод ва ҷўяк-ҷўяк, гўё чўҷаҳо хокмолак кардаанд. Ду қадам он тараф дар роҳи гурезашон як каф гандум пош хўрдааст. Аз қафои онҳо нигоҳ карда мондам.
Паси дарахте хам хўрданд...
Ба ман ҷавони шонздаҳсолаеро шогирд монданд. Хароб буд.
Мўи сараш расида ба гардану пешониаш фаромада буд. Чашмонаш шиша барин тоза ва ба рўяш пашмаки шафтолу барин мўй дамида буд.




