Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман акнун паҳлўи ў менишастам. Лаҳза ба лаҳза арақашро пок мекард. Дастонаш меларзиданд. Пас аз чанд рўз ба ёд додани трактору трактордорӣ машғул шуд. Муҳаммадӣ тамоми қисмҳои тракторро ҷудову пайваст карда наметавонист. Фақат рондан, обу карасин андохтан, плуг пайвастанро медонист. Агар трактор вайрон шавад, аз МТС ягон кас омада, соз мекард.
Ман тракторрониро омўхтам. Вале мехостам, ки шабҳои моҳтобӣ кор кунам. Шаббода, оромӣ, аз паси нур меравӣ. Бояд дар чунин шабҳо Комил ҳамроҳам ояд. Аз кор монда шуда оям, дилбардорӣ мекунаду мегўяд: «То ҷанг тамом шудана». Ҳамин қадараш ҳам барои ман бас буд. Ман гоҳ-гоҳ Муҳаммадӣ дар ин ҷо касе надорад гуфта ба ў дами гарм мебурдам. Муҳаммадӣ хиҷолат кашида, «янга, чӣ лозим?» мегуфт. Ба қароре омадам, ки Муҳаммадӣ рўзона кор кунаду ман шабона, Муҳаммадӣ розӣ нашуд.
Маро ҳурмат карда: «Шумо рўзона кор кунед» гуфт. Муҳаммадӣ шабу рўз дар саҳро буд. Трактор чунон метафсид, ки мўйсафед аз об кашонидан монда мешуд. Баъзан дер меомад. Ба об рафта, сари қадам набераҳояшро хабар мегирифт...
Муҳаммадӣ шалпар шуда болои замини нарм мехобид. Мўйсафед ба об рафта буд. Аз зери садои трактор шиҳаи аспе базўр ба гўш расид. Ба баданам мурғак давид. Тракторро дошта, чароғашро хомўш карда, каме чашмонамро пўшида, кушодам. Саворе паҳлўи трактор меистод.
— Кӣ?
Ҷавобе нест
— Кӣ?!
— Ҳамида, натарс, ман!
— Комилҷон!? Овоз диҳед, намешавад?
Аз трактор фаромада наздаш рафтам. Моҳ равшантар намуд.
Ситораҳо ягон-ягон мепариданд. Комилҷон маро ёд карда омадааст.
— Ҳамида, танҳоӣ?
— Не. Муҳаммадӣ ҳооо дар он ҷо хоб аст. Қаровул ба об рафт.
Ў аз рўи зин ба сўям хам шуд:
— Маро бубахш!
— Комилҷон?!
— Ту набояд кор кунӣ.
— Чаро?
— Охир, ман туро хўрондаю пўшонда метавонам-ку!
— То ҷанг тамом шудана....
Чароғи тракторро афрўхтам, Комил аспро мех карда, паҳлўям нишаст. Аз банди дастам медошт, ман трактор мерондам. Нами замин парида, сахт шуда буд. Трактор аррос мезад...
Қаровул аз дур суруди дўстдоштаашро хонда меомад:

пешина
аз 470
навбатӣ