Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Пешопешам марде харсавор мерафт. Дар пояҳои хўрҷини кўҳна дар кўзаҳои мундӣ об мебурд. Ду гўшаки телпаки кўҳнааш бозӣ мекард. Нўги гўшаки чапаш риштае дошт, фаши саллаи мулло барин ҳамоил.
Мардак паст-паст суруди ҳазине мехонд, танҳо оҳангаш шунида мешуд. Назди трактор истод. Ман ҳам расидам.
— Салом, отаҷон!
— А? – дасташро лапар карда ба ман нигоҳ кард ва даҳонашро кушод, гўё бо вораҳои бедандонаш маро медид.
— Салом, ота!
— Салом. Ба шумо кӣ даркор?
— Ман коргари шумо.
— А?
— Тракторчӣ куҷо?
— Ба хонааш рафтагӣ. Имрўз дертар меояд. Аз шаҳр... Мо тракторчӣ надорем. Ўро аз шаҳр фиристодаанд. Аз МТС.
— Тракторчӣ ҳар шаб ба шаҳр меравад?
— Не... Дар як ҳафта як бор. Баъзан дар хонаи ман хоб мекунад. Одами аҷиб. Гап занед, духтар барин арақ кардан мегирад.
Э, ҳаа! Фаҳмидам... Шумо хўҷаини раисбобо?
Ман табассум кардам. Ў аз ҷояш хеста телпакашро гирифта ба кашаш зад ва «тракторчӣ ҳозир меояд» гуфта ба домони офтоб нигарист...
Ман ба сабзаҳои баҳор, ки дар санглох рўида буданд, чашм давондам. Аз он тарафи трактор бўи сабзаву шукуфаҳо меояд, аз зери по бўи хок.
— Ҳўў, ана, омад, – мўйсафед ба миёни ангор назар дўхта гуфт.
Ман ҳам ба он тараф нигоҳ кардам, ки касе бардам-бардам қадам зада меояд.
Аспро аз чархи трактор кушода дар ҷои сералаф мех кардам.
Муҳаммадӣ салом дода бо қаровул пурсупос кард ва ба ман рў овард.
— Шумо ҷазбманд омадед?
— Ҳа.
— Ман гумон кардам, раисака ҳазл мекунанд, – ў сурх шуда рафт. Ман ҳам хиҷолат кашидам, ки ба ман механданд.
Ў чизе нагуфт, кўзаро гирифта, ба трактор об андохт, баъд аз сандуқча чобаи афтолро гирифт.
— Духтарам, наздиктар биёед, ёд гиред, – гуфт мўйсафед.
Оҳиста-оҳиста пеш рафтам.
Муҳаммадӣ ба чароғаки паҳлўи трактор карасин рехт ва тасмаро гирифта, ба парраи мотор печонду кашид, печонду кашид.
Мотор ба кор даромад. Ҳалқа-ҳалқа дуди кабуд ба фазо рафт...




