Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кунд шудаанд. Ҳоло замин намдор, он қадар азоб не-куя, баъдтар душвор мешавад... Хайр, гап ҳамин, Мулло Муҳаммадӣ, ин кас ба шумо шогирд меистанд, – ба китфи ман даст монда гуфт Комил.
— Э, раис-ака, монед аз давлати шумо...
— Ҳозир мо ҳама бояд ҷангем. Хоҳиши худашон ҳам хамин...
Ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбондам.
Муҳаммадӣ обу равғани тракторро диду оҳиста қоматашро бардошта ба раис нигоҳ кард, пас аз сандуқчаи трактор тасмаи резиниро гирифта, назди мотори трактор омад. Як нўги гирехкардаи тасмаро ба тири чархи мотор андармон кард ва ду печ гардонд.
Як қадам ақиб истод ва тасмаро башаст кашид: «фир-фир». Мотор дар нагирифт. Муҳаммадӣ ҳамин корашро боз такрор кард. Ин дафъа мотор «тип-тип-тип» карда монд. Сару рўи Муҳаммадиро арақ пахш кард.
Комил ба Муҳаммадӣ наздик шуд ва гуфт:
— Аз афташ, фақат плуг не, трактор кўҳна шудааст. Сабил монад, чоруқ набошад, ки пеши усто барию гўӣ, ки так банд...
Ваъда дода буданд, ки трактори нав медиҳанд, ана акнун ҷанг.
Ба ҷои трактор танк баровардан лозим.
«Комил хафа шудааст» аз дилам гузашт. Ҳамин вақт Муҳаммадӣ бори дигар тасмаро сахт кашид. Якбора садои нофорами гўшхарош баромад, баъд каме суст шуда «тап-тап-тап» кардан гирифт. Асп хўсида чилбурро саҳл монд, ки канад. Комил аспро кушод. Трактор меларзид.
Муҳаммадӣ бо остнни равғанхўрда арақи пешониашро пок карду ба трактор баромад. Ҷомаи кўҳнаро қат карда ба курсии оҳании монанд ба баракбардорак гузошта нишаст. Трактор наъра кашида бо дандонҳояш заминро газида-газида пеш хазид. Плуг рў-рўи замин давиду оҳиста-оҳиста фурў рафтан гирифт. Замини намнок чаппа шуда, зарраҳои аҷиб ба чашм метофтанд.
Офтоб заминро гарм кард. Буғи замини такорўшуда мебаромад.
Трактор паҳлўи роҳи рафтаашро тай карда омад.
— Чӣ хел?!
— Хуб аст! – дастро ба лаб карнай карда ҷавоб дод Комил ва аз ман пурсид:
— Хўш, ба назари шумо чӣ?
— Ғалатӣ, – таассуротамро лўнда карда гуфтам ман.

14

Комил дигар маро гусел намекунад. Ў ҳам аз пайи кори худ, ман ҳам.

пешина
аз 470
навбатӣ