Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Ман мисли насим озод будам, чун асп сара карда ба ишкел андохтанд. Замона нотинҷ, гўё зиндагӣ дар дами тир меистод. Ононе, ки мадори қадам задан доштанд, белу каланд, ҷуфту говрона гирифта ва ё миёнро баста ва модарони кўдаксаридаст аз назди ҳавлии мо мегузаштанд. Ман тасаввур мекардам, ки ҳама ба ҷанг мераванд. Замона гирдбод карду ҳамаи шўхиҳоямонро чун гард бардошт, танҳо дар рўи роҳ ду-се сангча боқӣ монд.
Акнун Комил аз кор омада, маро пеши аспаш намегирифт, аспаш назди дарвоза шиҳа намекашид ва бештар пиёда меомад.
Ҳама аз назди дарвозаи мо ба ҷанг мерафтанду ман тамошогар будам. Худи Комил ҳам инро медонист. Ман ўро ба ҷону ҳолаш намондам.
— Охир, ту чӣ кор мекунӣ?....
— Қатори мардум кор мекунам. Побел кунанд, побел, пахта чинанд, пахта.
Ў чизе нагуфт: фикр кард ва сипас ваъда дод, ки кори мувофиқ меёбад... Бегоҳ табассумкунон омад ва ба нигоҳи маънидорам савол кард.
— Шогирди таркторчӣ шудан мехоҳӣ?
Ҳайрон шуда пурсидам:
— Дигар кор нест?
— Ҳаст, лекин тракторрониро ёд гир...
Комил ҳар чӣ метавонист, ин корро дерпарто мекард. «Ҳоло вақти кишт не» мегуфт...
Ў дид, ки ҷазбманди корам, гап назада, рафта, аспи ҷирани қоматбаландро савор шуда омад ва хам шуда, маро ба пеши асп бардошту лаҷомро сўи саҳро тофт.
Дар саҳро мардум бо замин ҷанг мекарданд, бар сари он каланд мезаданд. Чанги маҳини хокро фурў мебурданд. Ҳама якбора рост шуда, ба мо нигоҳ карданд. Комил салому алек карда гузашт. Дар он тарафи пахтазор санглохе шудгор шуда буд, паҳлўи шудгор трактори чархкалон меистод. Ҷавони тануманде ба трактор об меандохт.
— Мулло Муҳаммадӣ, монда нашавед!– хитоб кард Комил.
— Саломат бошед,– мундирро бардошта гуфт ў.
— Ба шумо шогирд овардам!
Тракторчӣ як нигоҳ карду чизе нагуфт. Ман хиҷолат кашидам ва худро аз асп партофтам. Комил нўхтаи аспро ба чархи трактор баст.
Дасту рўи тракторчӣ равғанолуд буд, либосҳояш ҳам. Бо дастмол дастонашро пок мекард.
— Мулло Муҳаммадӣ, азоб не? – пурсид Комил.
— Не, – оҳиста ҷавоб дод ў ва пас аз фурсате илова кард:
– Дандонҳои плуг нағз намегиранд.




