Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баробари аз дарвозаи ҳавлӣ даромаданам кабўтари сафеди танҳои ман парвоз кард. Ҳарчанд «беҳ-беҳ» гуфтам, нафаромад.
Ман ўро пазмон шуда будам, мехостам дошта бибўсам, лекин баландтар баромад.
Ҳушу хаёлам ба кабўтарон, ба манора ва бозиҳои ҷавонӣ, ба Аҳрор банд буд, ки аммаам даромада омад. Лоғару хаста менамуд.
Ў назди ман омаду карахту хомўш рост истод. Нигоҳаш сару рўямро паймуд.
— Чӣ шуд, аммаҷон?
— Ҳеҷ... – сар ҷунбонд ў. Ман сарамро хам кардам.
— Ойим, – оҳиста гуфт ў. Нигоҳ кардам. – Ойим, Аҳрор дар паси дарвоза, мехоҳад шуморо бинад.
Ман мурғи посўхта шудам ва намедонистам чӣ гўяму чӣ кунам.
Сипоҳӣ кардам:
— Чаро намедароянд?
— Ойимҷон, вақт надорад меравад.
— Куҷо?
— Ҷанг.
— Ҷанг?!
Пас аз шунидани ин сухан худро гум карда, якбора сўи дарвоза давидам: рў ба рўям як пайкари зебо, вале хеле харобу лоғар меистод. Мо ба якдигар салом дода натавонистем. Ман карахт шудам. Ў сару рўи маро андоза мекард. Ба назарам, ба либосҳои қимматбаҳои арўсӣ, ба қошу тавқи зарринам лаънат мехонд. Хостам ҳамаи он зебу зинатро аз баданам дур кунам ва дар либоси оддӣ наздаш истам. Ў «хайр!» гуфт ва рафт, аз ман ҳарфе нашунида рафт. Аммаам аз паси ў баромад ва модарам ҳам, ман то беруни дарвоза баромадам ва бари рўямро ба палладарӣ гузошта, карахт шудам.
Аҳрор ба гардишгоҳи паси девори иморате хам хўрд.
... Чашмамро аз ҷои хамгаштаи Аҳрор наканда будам, ки зане намоён шуд. Зани тағоям, сафедии чашмони фурўрафтааш сурх шуда, осори ашк дар пилки дида боқӣ монда буд.
— Салом, янгамулло, чӣ шуд?
— Тағоят гум. Беному нишон.
— Кай боз?
— Аз рўзи суди Собир...
Ман ба ў саволи дигаре надодам ва хоҳиш кардам, ки дарояд.
«Модарам ҳоло меоянд». Ў розӣ нашуд, ки дар хона баччаҳоро танҳо гузоштааст ва хоҳиш кард, ки Комил дарак андозад...

пешина
аз 470
навбатӣ