Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ?!
— Бибӣ, шумо намедонед, барои чӣ тағоям ин қадар таҳлука дорад?
Модарам ба хаёл рафт, гўё саволи маро нашунид. Пас лабонаш ҷунбиданд. Аз ҷунбиши лабҳояш ва қиёфааш хонда мешуд, ки касеро мазаммат мекунад.
— Боз чӣ гуфтааст? – гўё ба худ омада пурсид модарам.
— Собир чӣ шуд, гуфтааст.
— Имрўз ё пагоҳ суд мешудааст. Шояд таҳлукаҳои ҷўрааш ҳам тамом шавад....
— Кадом ҷўрааш?
— Тағоят...
— Чӣ ин кас ҳам...
Шиҳаи аспи Комил сўҳбати моро бурид. Ў ба дашт нарасида аз нимароҳ баргаштааст. Аз асп ҳам нафаромада ба ман хабар дод, ки ба Самарқанд меравад. Пагоҳ суд мешудааст, ўро талаб кардаанд.
Ман пеш аз сафараш ба ў чизе нагуфтам. Аз роҳ ҳам надоштам.
Ҳоло дуруст намедонистам, ки ў барои чӣ меравад. Ман ба модарам нигоҳ кардам. Ў аз нигоҳи ман чӣ маънӣ гирифт, ки гуфт:
— Оқибат ҳамин тағоят сари худро мехўрад.
— Барои чӣ?
— Ҷўраи Собир гуфта, ягон кас маълумот надиҳад, мегўям...
Ман маънии сухан ва парешон шудани модарамро пай бурдам ва нахостам, ки кунҷкобӣ кунам. Бад ё хуб, бародар аст, Ду шабу ду рўз дар чунин фикр будам: «Аҳрор дар куҷо бошад, ба ў ҷавоб нависам». Ҷавобе наёфтам ва ба ин кор модарам ҳам ёрӣ дода натавонист.
... Комил аз шаҳр баргашт. На хафа буданашро зоҳир мекард ва на хурсанд буданашро.
— Суд чӣ шуд, Комилҷон? – пурсид модарам.
— Собирро суд карданд.
— Ў гунаҳгор не-ку? – рамуз гирифтанӣ шуда, савол додам.
— Суд масъаларо дигар хел мондааст, ўро ҳамчун босмачӣ суд карданд.
— Тағомуллотон ҳам дар суд буданд? – аҳволи бародарашро фаҳмиданӣ шуда пурсид модарам.
— Не, надидам.
— Дар бораашон гап нашуд?
— Шуда бошад ҳам, ҳисоб не...
Модарам парешон шуд ва хеста доман афшонд, ки меравад...

пешина
аз 470
навбатӣ