Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо нохуш менамоед?
— Чаро? Нохуш мебудам, туро ин ҷо меовардам?...
— Аз пагоҳ ман ҳам ба кор бароям чӣ?
— Ба ту чӣ шуд?
— Дар хона зиқ шудам... Бекор гашта наметавонам.
Ў ба фикр рафт. Каме аз ман дур шуда, ҳулбў канда бў кард.
Боз хам шуда як тор канд. Як даста канд. Ба ман дароз карду гуфт:
— Кор карданат ҳам нағзу ҳам бад...
— Чӣ хел?
— Нағзиаш – ба дигарон ибрат, бадиаш – раис шиками занашро сер карда натавонист, мегўянд.
— Гуфтан гиранд.
Камил як нигоҳ карду чизе нагуфт.

11

Модарам омад. Комил каме бо ў нишаст ва баъд «дашт рафта, меоям» гуфта бархост ва берун баромада таъкид кард, ки модарамро рафтан намонам.
Комил рафт. Модарам аз кисаи яктаҳи сафедаш коғази секунҷа таҳкардаеро бароварда, ба ман дароз кард.
— Аммаат дод... Аз Аҳрор будааст.
Ман мактубро кушодам ва ба ҳарфҳояш чашм давондам:
«Салом, Ҳамида!
Намедонам, он ҷо дар бораи ман чиҳо мегўянд. Аз рўи шунидам, маро маҳбус мегуфтаанд. Ин хел не. Ман дар район, ҳоло ҷоямро намегўям. Лекин чӣ тавр омаданамро мегўям. Хоҳишмандам, ба ҳеҷ кас нагў. Тағоят маро ба ин ҷо гурезонд. Ба қавли ў ман нагурезам, суд мешудаам. Ҳарчанд хоҳиши ўро рад кардам, нашуд. Ҳатто ба зорӣ даромад ва ашк рехт. Лекин ҳоло ҳам маънияшро намефаҳмам. Охир, ман чӣ гуноҳ карда будам?
Ҳа, аҳволи Собир-босмачӣ чӣ шуд? Ҳамин кор яктарафа шавад, меравам.
Ҳамида, хатро эҳтиёт кун. Ба модарат салом гўй. Аз аҳволи модари ман хабар гир.
Бо эҳтиром: Аҳрор».
То хондани мактуб саҳл монд, ки дилам торс кафад. Худдорӣ кардам, ки модарам парешон нашавад. Сарам ба мисли чўбкаду холӣ буд.
— Чӣ навиштааст?
Ин саволи модарам маро ҳушёр кард. Ба ҷои ҷавоб тағоямро ҳақорат кардам.
— Тағои беимонамро... Аҳрор ҳабс набудааст. Ўро укетон гурезондааст.

пешина
аз 470
навбатӣ