Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

— Биё, давр занонам! – мегуфт ў.
— Не, айб.
— Ҷои айб не, биё. Занҳои ин ҷо ҳама асп савор мешаванд, биё...
— Не.
Баҳор омад. Бўи дашт меомад: бўи хок, бўи сабзаву дарахтон, бўи дубаргаи пахта, бўи наҳрҳо – ҳамаро дар якҷоягӣ бўи дашт мегуфтанд. Ин баҳори аввалин буд, ки аз бўи баҳори шаҳр фарқ дошт. Ин бўй касро ба дуродур, ба даштҳои васеъ, ки доманаш зери уфуқ мемонд, сайр мекунонд. Дашт сабз, ҷо-ҷо боғҳо, хонаҳои похсагӣ менамуданд. Гову гўсолаҳо ва аспҳо мехкарда буданд.
Осмонаш мисли дашт бепоён ва софу ситоразор. Ситораҳо ҷарақҷарақ мекунанд. Даст зери сар рўйболо мехобӣ, аз паси пардаи кабуд ситорае ба назар менамояду гум мешавад, менамояду гум мешавад. Нафаси дароз мекашӣ, сари дилат медамад, чӣ лаҳзаи ширин. Аз куҷо як қатра борон ба рўй мерасад, кас даҳон мекушояд, ки боз як қатра афтад. Лекин дигар намеояд. Ана ҳамин чиз ҳама андешаҳоро дур мекунад, ки танҳо интизори он бошӣ.
Шояд навозишҳои Комил ҳам мисли ҳамин қатра буд, ки ҳам бўи баҳор, ҳам лаззати шабона, ҳам ситораҳоро дур андохт. «Боз як қатра, боз як қатра!»
— Чӣ? – маро ба худ овард Комил.
— Магар ба рўи шумо нарасид?
— Чӣ?
— Қатраи борон.
— Не.
— Ҳозир... «Боз як қатра, боз як қатра»... Туф-туф! Бинед, чӣ хел ин ситора нақши дароз гузошт.
— Ана, ба рўи ман якчанд қатра рехт.
— Якчанд қатра?
— Ҳа... Хунук гуфтӣ, гарм-ку....
— Ана, боз як ситора парид. Туф-туф! Аҷиб-а?
— Хеле. Лекин ин хел не...
— Биё, давр занонам!
Ман дар нўги панҷа истода, даст дароз кардам. Маро ба пеши асп гирифт. Лаҷоми аспро гардонду «гирди деҳаро давр занонам?» гуфт. Ман розӣ нашудам. Ба дашт бурд. Бўи дашту бўи баҳор турфа ҳаловате дошт. Дар канори ҷўйбор ҳулбў дамида буд. Ман аз онҳо чидам, ки ба Комил самбўса пазам. Лекин ў дастамро дошт:
— Лозим шавад, худам ёфта меорам. Ҳоло бояд фақат аз зебоии дашт ҳаловат барӣ, бўи баҳор ба димоғат расад.
— Бўи аҷиб.
— Дар ҳақиқат. Пас аз чанд вақт ин бўйҳо мераванду фақат бўи ниҳоли пахта ва хоки сўхта мемонад, дертар бўи ғўзапоя ва хазон...




