Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

«Доред, келинро доред, нағалтанд»
Чунин садоҳо маро аз Аҳрор ҷудо карданд.
Ман ба дунёи бегона афтидам. Ба назарам ин ҷо макони мору каждумҳост. Маро ба хонаи як марди бегона оварданд. Ба гумонам, ки он мард ба назди ман меояд ва ба ман хабари кай омадани Аҳрорро мегўяд ва баргашта ба шаҳр меравам. Вақте ки ў аз дари хона даромад, ба ҷои саломуалейк ин суханҳо дар ботинам туғён карданд: «Кай, охир, кай халос мешавад?» Вале пурсида наметавонистам. Рўзҳои аввал агар аз ў чизе пурсиданӣ шавам ва ё мавриде ояд, ба ў «Аҳрор» хитоб мекардам. Ў якбора ба қаъри чашмони ман нигоҳ мекард, баъд хафа шуда, дур мерафт. Бовар намекардам, ки ман аз Аҳрор дур шуда бошам...
Гўшу ҳушам ба даҳони мардум буд, ки хабари омадани Аҳрорро мерасонанд. Шаш моҳ гузашт. Аҳрор наомад. Ман ҳам аз Комил чизе напурсидам.
Сари чанд вақт тағоям омада бо Комил сўҳбат мекард ва маро «гули тағош, асали тағош» гўён навозиш ва насиҳатҳо мекарду мерафт. Аз Аҳрор даҳон намекушод. Баъд аз Комил мепурсидам, ки ў барои чӣ омадааст. «Туро хабаргирӣ» мегуфт. Вале ба назари ман дигар хел менамуд. Ў мисли рўбоҳи дузд омада мерафт. Баъди рафтани ў Комил андешаманд мешуд.
Комил ба ҳар гап ҳамроҳ намешуд, доим хаёл мекард, лекин намегуфт, ки барои чӣ хаёл мекунад. Ман ҳам намепурсидам.
Вақте ки ҳар ду танҳо мемондем, аз ў каси дилкушоду навозишкор ва дар муҳаббат сахитаре набуд. Мўи дарозу майдабофти маро ба ангуштонаш мепечонд. Ман гумон кардам, ки дар тўямон ба дасташ нигин наандохтам, барои ҳамин сари чанд вақт маро таъна заданӣ шуда, мўямро ба ангушташ мепечонад. Баъд аз бехи мўям дошта сила карда мефаромаду ба гарданаш ҳалқа мегардонд.
Баргашта ба ў нигоҳ мекардам, сиёҳҷурда буд, чашмони мешӣ дошт. Мижгонаш дарози баргашта, қиёфааш ҷиддӣ. Лекин ба ман доим табассум мекард.
Мегўянд, ки дубора дўст доштан мумкин не. Шояд рост бошад, лекин барои Комил муҳаббати аввал набуд. Ў марди зандида, вале ман... Мо бо Аҳрор фақат дар диламон муҳаббат мепарваридем ва дар ин хусус чизе нагуфтаем.
Ман намедонам, дар байни ману Комил ин пайвастагӣ аз куҷо пайдо шуд. Шояд барои он ки ў аз зан наосудааст ва фарзанд надидааст. Ё ки аз ман калонсол аст ва ё ин ки ҳама эҳтиромаш мекунанд? Намедонам. Одами бамулоҳиза буд: агар модарам ба меҳмонӣ ояд, ҳафтаҳо намемонд, ки равад. Шояд бо ҳамин хислатҳояш дили маро рабуд. Баъдтар фаҳмидам, ки байни мо муҳаббат не, фақат ҳурмату эҳтиром будааст.
Ҳар гоҳ, ки аз саҳро баргашт, аспаш дар пеши дарвоза шиҳа мекашид. Ман тохта мебаромадам.




