Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

— Аммаҷон гўед!
— Не, ойим...
Ў чизе гуфтан мехост. Даҳон пур мекард, вале гуфта наметавонист. Пилки сурхшудаи чашмонашро бо нўги қарсаш пок кард.
Рўяшро андаке гардонда гуфт:
— Чӣ хел?
— Ойимҷон, ҳамааш ба ту вобаста. Ту метавонӣ ўро халос кунӣ.
— Чӣ хел?
— Намедонам... напурс...
— Гўед, ман роҳашро намедонам.
— Не, лозим не. Ман... Тақдир бошад, ягони рўз меояд...
— Аммаҷон, ин хел такдир намешавад.
— Мегўянд, ки кадом раис халос карда метавонистааст.
— Шумо, шумо ҳам...
— Не, ойим, ман не… Ҳамин хел мегўянд.
— Вай чӣ хел халос карда метавонад?
— Пул доштагист-дия.
Ман дигар аз аммаам ҳарфе нашунидам. Қаъри чашмонаш мисли рўзҳои гузаштаи ман хомўш буданд. Пас аз хеле мулоҳиза чунин ба назар мерасид, ки гўё он чашмҳо ташвишҳои рўзгори куҳанро фурў бурда, инак сард, бепарво ва бенур шудаанд. Он чашмҳо маро таъна мезананду мегўянд: «Душмани қаттолам шудӣ, нурам рабудӣ, чӣ беҳаёӣ, ки боз рў ба рўям меистӣ. Қурбонӣ бикун». Ҳақ доред маро сўрох кунед, эй чашмҳои сокит. Оташи шумо куҷо шуданд? Боз сари ман чӣ маломатҳоеро нигарон бошад?
Аммаам нафаҳмидааст, ки Аҳрор дар куҷо. Беҳазл, ў савдоӣ шудааст ва фақат мегўяд, ки Аҳрорро «тарафи вангзол бурданд».
Ў ин гапро аз даҳони тағоям шунидааст. Намедонам, ки чаро тағоям ин қадар ба ҳамма кор чаққа шуд. Ҳам аз худаш меҳаросид, ҳам ғами Аҳрорро мехўрд ва ҳам маро ба ҷаҳаннам тела додан мехост. Сабаби ин қадар ҷон коҳондани як марди синну солаш ба ҷое расидаро намефаҳмидам. Ў чунон корҳоро дўлоб кард ва аз омаду рафт маро ба ҷон расонд, ки маҷбур шудам барои Аҳрорро ба назди модараш баргардонидан ба Комил ном раисе расам...
Маро шабакӣ ба ноҳия, баъд ба колхоз бурданд. Мадрасаву манора як чизи сиёҳ ва бегона намуд. Ба назарам чархҳои ароба чунон суст мегашт, ки гўё ҳаргиз ба манзил намерасида бошад. Пешопеш машъал медоштанд ва «ёр-ёр»-хонон дастафшону покўбон мерафтанд. Аз байни шўру хурсандӣ гоҳ-гоҳ садои нолиши чархи ароба ба гўш мерасид ва «Чу! Дуртар, дуртар! Асп зер накунад»
гуфтани аробакаш шунида мешуд.
Чархҳои аробаи нав пеш мегаштанд, гумон мекардам, ки Аҳрор ба пешвоз баромада маро беозор аз болои ароба мегирад. Ба хаёлам ў ба ман даст дод...




