Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

На нақши дастонаш ба дастонам монда буд, ки тамошо кунам ва на бўи ҷавониаш дар гиребон часпида буд, ки бўй кашам. Инак чашмонамро мепўшаму ёд меорам...
«Чаро? Охир, чаро бурданд?» «Комсомол шуда, саранҷом карда натавонистӣ» мегўянд. Охир, ў набуд. Вай надидааст... Ман дар ҳолате мондаам, ки лаби рўд оварда бошанду пулро бардошта, «гузар» гўянд.
Аҳрорро ба ҷои ман бурданд! Бо ҳар роҳе, ки бошад, бояд халос кунам. Ҳо! Ман ҳабс кардам, бояд ман халос ҳам кунам...
Оҳ, Аҳрор! Чаро дасти ҳамдигарро дошта аз манора напартофтем?
Чаро?..
10
— Ин писари шумост? – пурсид муаллима.
— Ҳа, набераам, – ба худ омада ҷавоб дод занак.
— Чӣ ном дорӣ?
— Сиддиқ...
— Ин ҷо биё, Сиддиқ, қатори ҳамсинфонат биист. Писарак ба бибиаш нигоҳ кард ва гулдастаро ба муаллима дода ба раддаи талабаҳои синфи якум рафт. Муаллима баргашта лаҳзае ба занак нигоҳ кард, пас қадаме дур шуд. Аппарати суратгирии мухбир шараққӣ садо баровард...
Пагоҳии барвақт мактаб нарафта, хостам аз аҳволи аммаам хабар гирам. Ў аз дарвоза мебаромад.
— Ойимҷон, худам рафтанӣ будам, – гуфт. Чашмонаш сурх буданд. Хоб нарафта, гиристааст. Гўр танҳоӣ шавад: дар зиндагӣ аз танҳоӣ чизи бад ва аламангезе нест.
Сарамро ба банди дилаш гузоштам ва беихтиёр «Аҳрор-ака»
гуфтам. Аммаам сари маро сахттар ба банди дилаш пахш карду баъд дур андохтанӣ шуда бо дастонаш каме тела дод, боз пеш кашид ва ба қаъри чашмонам зеҳн монд. Сар ҷунбонд: «Не-не».
Вале ман намедонистам, ки ў чӣ гуфтанист. Аз овоз ва муомилаи аввал маълум, ки чизе гуфтан мехост, вале ҳоло фақат сар меҷунбонад.
— Оби чашмонам хушк шуданд, дигар гириста наметавонам,
– гулўяшро молида гуфт ў.
— Аммаҷон, Аҳрор-акемро куҷо бурданд?
— Ба тарафи вангзол.
— Гардед, рафта меёбем. Ман гуноҳро ба гардани худам мегирам.
— Не, ойимам. Ҳазор гап-як пул...
— Ибо накунед, гўед... Аммаҷон ҳар чӣ гўед, баҷо меорам...
— Не-не... Гап надорам. Аҳ... гап надорам.




