Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хоҳар, ин ҷо биё!
— Бибиҷон!!! – ба пеши пои модарам ғалтидам.
— Хез, ҷони модар, хез! – маро бардошт модарам.
— Наравед. Додаратон босмачӣ. Ҷўраи ҳамон Собир. Барои ҳамин ин қадар моро азоб медиҳад, наравед!
— Намеравам. Ором шав.
Тағоям боз ба дар омада ҷеғ зад.
— Чаро шумо ин қадар якрав шудед? Биё мегўям!
— Ман дар назди номаҳрамон чӣ кор мекунам? Гапат бошад, худат биё!
— Агар дилатон ба Аҳрор сўзад... Ту хона даро! – аз ман гапро руст карданӣ шуд ў, вале ман саркашӣ кардам...
— Ба Аҳрор чӣ шудааст! – тоқат наоварда пурсидам.
— Бало шудааст, бешарм! – шиддат кард тағоям.
Ба бехи ток такя карда дастонамро ба рўй кашидам ва аз паси панҷа ба даҳони тағоям чашм дўхтам. Аз ҳавои даҳонаш фаҳмидам, ки мегуфт:
— Розӣ шавед. Ягона роҳи халосӣ ҳамин.
— Ман аз худаш пурсам.
— Аз худаш чӣ мепурсӣ? Он тарафаш духтар-дия!
— Низомбой! – овозе тағоямро чеғ зад.
— Ҳозир, ҳама розӣ, – оҳиста гуфт тағоям. Модарам ҳарфе назад.
Ба хотири Аҳрор ман дам фурў бастам.

9

Рўзи дигар аммаам омада пеши поям сар монд. Ман ҳам худро пеши пои ў андохтам ва изҳор кардам, ки ба раис намерасам.
Аммаам каме худро ақиб кашид ва ба илтиҷо даромад:
— Азизакам, ҳурмати ман. Агар розӣ нашавӣ, ман умрбод ўро гум мекунам,
— Аммаҷон... Ман... ман... Аҳрорҷона...
Аз ин гапи ман аммаам васвос барин пушт рафтан гирифт, шонаҳояш ба девор бархўрд, каме нафасашро рост карду пеш омад ва маро ба оғўш кашида гуфт.
— Мебахшӣ, азизам. Ман намедонистам... Бубахш... бубахш....
— Шумо бубахшед, ҳамааш аз барои ман аст... Ман...
Ў маро аз оғўшаш сар доду як қадам пушт монд. Беихтиёр сар ҷунбонду гуфт:
— Дурўғ мегўӣ, фиреб медиҳӣ.
— Дурўғ не, аз худаш пурсед.
Аммаам рафт. Гумон кардам, ки ҳама чизро ҳамроҳаш бурд, охирин нишонаҳои Аҳрор, табассумҳои ширини ў дар симои модараш часпида рафтанд.

пешина
аз 470
навбатӣ