Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Тағоям рафт. Модарам наздам омада гирист ва гуфтаҳои тағоямро фаҳмонд, ки кор аз нав ба суд афтидааст, ягона роҳи халосиаш чунин: ман бояд ба раиси колхози «Наврўз» расам будааст.
Ман чизе гуфта натавонистам, фақат ба Аҳрор майл доштанамро фаҳмониданӣ шудам:
— Аҳрор ҳам суд мешавад?
Модарам мақсадамро фаҳмида гуфт:
— Аҳрор писари аммаат. Дар бораи ў фикр накун.
— Бибиҷон, шумо ҳам ба гапи тағоям розӣ?
— Не, – сар ҷунбонд модарам, – вале ба Аҳрор ҳам расида наметавонӣ....
Дигар барои ман ҳеҷ чиз лозим набуд. То ин дам аз байни «кўҳҳо» роҳ мепаймудам, тарма париду пеши роҳамро гирифт.
Мехостам аз рўи «тармаҳо» ҷаста назди Аҳрор равам, вале ҳамин вақт аммаам вовайло бардошта аз дарвоза даромад. Рўйҳояш хуншор буданд.
— Бурданд, бурданд, – мегуфт ў дар ҳолате, ки ба девор такя зада буд. Ў чашмонашро пўшид ва дам фурў баст.
Модарам ба сару рўи ў об пошид, ба димоғаш пиёз дошт...
Чашм кушода рост ба ман нигарист. «Ойимам, рав гир» гуфт.
Ҳайрон мондам. Ба назарам «олоӣ» мегуфт.
— Чиро гирам, аммаҷон?
— Рав гир, бурданд, баста бурданд.
— Бурданд? Вай дигар намеояд?...
«Ба ту ҳеҷ гап не, ба ману Аҳрор, ягона роҳи халосӣ ба раис расидан» акси гуфтаҳои тағоям ба гўшам мондаанд. Онҳо бадани маро ба вараҷа оварданд. Ҳарду ҳам як нишон доштанд, ки бояд аз Аҳрор ҷудо бошам. Ҳоло чӣ?! Аммаам «бурданд» мегўяд, аммо намегўяд, ки ба куҷо?
Маълум шуд, ки барои ман шуда бурдаанд. Даъво мекарданд, ки чаро он ҷо будиву ба чунин рухдод монеъ нашудӣ? Ва ҳукм баровардаанд, Аҳрор барои бригадир шудан ин корро ташкил кардааст. Ин гапи одамоне, ки доим аз дару деворҳо мепоянд.
Тағоям боз меҳмон овард. Ҳеҷ фикр намекунад, ки... Ноумед, ба мо-ку ёриаш намерасад, чаро зарарро раво мебинад. Ин мардҳоро, ки миён бо чанд фўта сахт мебанданд, чӣ гуфта ҳар вақт ба хонаи бемард меорад?
— Тағо, ҷўрабоз бошед, ба хонаатон баред! – оқибат кафидам.
— Ту, сиёҳмилла, сари худатро мехўриву баъд ором мешавӣ!
Хуб шуд, ки маро рўйинатан гуфта, «меҳмонҳо» рафтанӣ шуданд, вале тағои нобакорам баргашта ба хона даромаду модарамро ҷеғ зад:




