Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Чашмамро нимбоз карда, аз тиреза нигаристам, ҳоло торик буд, вале аз паси тиреза пичир-пичири марду зане ба гўш расид. Овози занро шинохтам: модарам. Вале овози мардро нашинохтам.
— Аз ҳамин рўз сар карда, духтарро ба мактаб намемонӣ,
– шунида мешуд овози мард.
Ман ҷавоби модарамро нашунида, ҷаста аз ҷо хестам ва дурусттар нигоҳ карда тағоямро дидам. Ҳангам канд. Ў дастак зада ба модарам гапашро маъқул карданӣ мешуд.
— Намемонӣ, вассалом!
— Агар бародари ман бошед, ин хел нагўед.
Ў бояд хонад.
— Худат хонда, чӣ шудӣ? Аҳволата бин...
Модарам хомўш истод ва «худаш медонад» гуфту хона даромад ва маро дида, ҳангаш канд:
— Ааа... Шунидӣ?
— Не... – сар ҷунбонидам.
— Хафа нашав...
— Бибиҷон, шумо ҳам хафа нашавед...
Тағоям даромад:
— Ин сиёҳмилла шарманда аст, дигар мактаб хонданаш мумкин не... – шиддат карда гуфт ў ва аз дар баромад.
Рўзи дигар ду мардро «меҳмон» гуфта овард. Яктааш ба тағоям монанд: торҳои дарози абрувонаш бар чашмони фурўрафтааш лапар буданд. Дигаре марди кўсаи сурхпўсте буд. Қади ҳарду қариб баробар, миёнашон бо чанд фўта бастагӣ.
— Аз Ҷонбой, – берун баромада, ба модарам фаҳмонд тағоям, баъд оҳиста ба гўши ў чизе гуфт. Модарам ба маънии «не» сар ҷунбонд.
Ман давоми сухани тағоямро нашунида, бошаст сўи дар рафтам, ки меҳмонҳоро пеш кунам, тағоям санҷоб барин ҷаста аз банди дастам дошт.
— Сиёҳмилла, боз ин чӣ намға?!
Бо ғазаб ба ў нигаристам.
— Ҷавон мурӣ, ин хел нигоҳ накун. Ман ба ҳукми падарат.
— Ҳукми падарам...
Модарам аз дастам дошта таки дарвозахона бурд ва оҳиста ба гўшам хонд:
— Хафа нашав, омадаанд, ба пои худ мераванд.
Модарам назди «меҳмонҳо» дастархон ҳам накушод. Аз мактаб баргаштам, дар таги дарвозахона тағоямро дидам, ў ба дафтарҳоям бад-бад нигоҳ карда «ман чӣ гуфта будам?!» дўғ зад ва тез қадам монда ба хона даромад.
— Агар хоҳӣ, ки бародарат бошам...
Чунин суханони ўро шунидам ва дар пўшида шуд. Аз тиреза ҳардушон намоён буданд. Тағоям чизе мегуфту гарданашро дароз мекард, модарам бо аломати «не» сар меҷунбонду ба девор такя мезад.




