Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

— Чаро нафаромадӣ... чаро... Ҳамида... Ҳамидаҷон!
— Росташро гўед, барои ман шуда шумову тағоямро азоб медиҳанд?
— Хабар надорам. Кӣ гуфт?
— Тағоям.
— Бовар накун, дурўғ. Аз ман касе...
— Бовар намекунам, – сухани ўро бурида сар ба китфаш гузоштам. Нафасаш якбора қатъ шуд. Пас аз чанд сония нафаси дароз кашид ва кокули маро ба гарданаш ҳалқа гардонду рўямро сила карда гуфт:
— Зебо шудаӣ.
Худро ба нодонӣ андохта чизи дигар гуфтам:
— Одам мурад, дар ҳамин хел баландӣ мурад.
— Баландӣ ҷои мурдан не, ҷои зистан аст, – гуфт ў ва сари маро аз китфаш ба сари синааш гузошт. Гўё ў суруди дўстдоштаи маро хонду аз ҳаловат ҳар ду сукут кардем.
Ба назарам тапиши дилам манораро меларзонд.
8
Аз дарвоза надаромада як паға пари наботранг аз болои девор гузашту ба мижгонам нишаст. Гирифта нигоҳ кардам ва байни лабонам гузошта, аз дар даромадам. Қариб рўи ҳавлиро пари кабўтар гирифта буд. Онҳо ғози мизон барин пасту баланд мешуданд, ба деворҳо расида пушт мегузаштанд. Рўи баргҳои воиш меҷунбиданд. Кабўтари сафед беист болои сар давр мезад. Шамоли тези болҳояш парҳоро парешон мекард.
Кабўтар ниҳоят тез парвоз мекарду ба ҷое наменишаст. «Ин чӣ гап?» Ҳайрон шуда парҳои парешонро аз ҳаво доштан гирифтам.
Ба шамоли дастам парҳо аз ман дур мешуданд. Дар атрофи кундаи ток пари зиёд ва ду панҷаи сурхи кабўтарро дидам.
Аз сари девор гурбае ба ман бо ғазаб нигоҳ мекарду забон бароварда, лабонашро мелесид...
Кабўтари сафед хам хўрда маро шамол доду баланд шуда рафт.
Аз назар дур шуд. Дар ҳаво гоҳ-гоҳ оинача барин менамуд. Боз ғайб мезад. Ман гумон кардам, ки инаш ҳам рафт: «Чаро кабўтари маро неву кабўтари Аҳрорро хўрд? Охир, ман Наботро бештар дўст медоштам».
Модарам аз дар баромада ҳоли маро дид ва ба насиҳат даромад:
— Духтарам, он тарафаш як мушт пар. Худатро обу адо накун.
Гарчӣ Набот барои ман як мушт пар набуд, ба модарам чизе нагуфта ба хона даромадам. Дилам месўхт.




