Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳм – маънодор мад кашид раиси суд ва тамоман аз бом тароша афтидагӣ барин чизи дигарро пурсид: – Вақте ки шумо бо босмачиҳо будед, занатон дар куҷо буд?
— Дар хона... лекин ман босмачӣ набудам.
— Аз шумо пештар занатон иқрор кард.
Собир ба ҷониби занаш теғ кашида нигоҳ кард: занак бо кафи дастон чашмашро пўшид.
— Ў дурўғ мегўяд.
Занак аз шиддати аввала, ки аз дар даромада чашмбандро бардошта буд, фаромада дар назди шавҳар гунаҳгор меистод.
— Шумо дурўғ мегўед? – раиси суд пурсид аз занак. «Не» сар ҷунбонд ў ва даст аз рўй гирифт.
Ман аз ҷасорати ин зан дар ҳайрат шудам ва ба ў нигарон мондам.

7

Ман «об ба лаби ҷўй баробар гашт» пиндошта, боз бепарво шудам. Мактабхониро давом додам, то синфи ҳафтумро тамом бикунам.
Аз дарс баромада, хаёлӣ мерафтам, ки аз пас садое омад:
— Ҷавонмарг, чӣ кор кардӣ?! – баргашта нигоҳ кардам, тағоям. Хирссурат ба сўям ғуррон меомад. Чашмонаш оташи ғазаб мепошид.
— Чӣ кор кардӣ?! – дандон гиз карда, мушт ларзонда, фарёд зад ў.
Ман аз тарс не, балки аз алам гардани худро сангпуштона дарун кашидам.
— Ба ту, сиёҳмилла, ҳеҷ гап не, лекин ба ман, ба Аҳрор...– гуфту гузаро шуда рафт. Аз пасаш нигоҳ ҳам накардам. «Чаро ба он кас, чаро ба Аҳрор? Онҳо чӣ гуноҳ карданд? Туро дар солу моҳ мебинам. Аҳрор баъд аз воқеа омада буд. Чаро ба ман ҳеҷ гап нею ба онҳо? Не... Ман ҳастам, онҳо ҷавобгар намешаванд»...
Сари роҳ ба манора баромадам, ки ба селаи кабўтаронам суруди хайрбод хонаму аз минқорҳои гулобии чўҷаҳояшон, аз чашмони сиёҳи тифлонаашон бибўсам ва баъд...
Баромадам. Кабўтарон ҷои нишаст наёфта парвоз мекарданд, баъд як чўҷаи сиёҳ ба китфам нишаст. Манора «ҳув-ҳув-ҳув» садо дод... Дилам ваҳм кард. Тап-тапи болҳои кабўтарон маро боз ба ҳуш овард. Ман дар нўги манора будам. Гўшаи рўймол ва бари доманамро шамол мебурд. Чашмам ба зер афтид.
— Ҳамидаа.. фаро... фаро!!!
Кӣ буд, нашинохтам.

пешина
аз 470
навбатӣ