Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

— Зани худашро даъват кунем?...
— Бале!...
Зани Собир-амак аз дар даромад. Ба фаранҷӣ печида буд. Якбора чашмбандро гирифт. Нигоҳаш ба ман афтид. Рафтори ин зан ғайрати аввалаи маро боз овард. Аз байн модарамро ҷустам.
Нанамуд.
Қувваи ноаёне маро бардошт. Беихтиёр бархостам. Ба назарам чунин намуд, ки ангуштони зани Собир-амак чангак мешуданд ва ҳамин дам мўи маро ғоз-ғоз мекарданд.
«Не, набояд паст оям. Хуни падарам...» аз дил гузаронидам.
Дилам танг шуд. Ба назарам, ки ҳозир чизе таркида, деворҳои хонаро пош медиҳад...
Зани Собир-амак якбора фарёд зад:
— Рост, ҳамааш рост!
Дилам ду-се бор сахт-сахт заду баъд мунтазам шуд. Аҳрор аз китфам дошта, ба ҷоям шинонд.
Марди малламўй, ки як-як аз ҳама гап мегирифт, ба дарбони милтиқдор ишорае кард. Посбон Собир-амаки гарданбастаро пешандоз карда омад.
Гулсум ларзида рафт. Зани Собир-амак бо ду даст рўяшро пўшид. Собир-амак гўё ки латтаи гарданаш гулўи ўро хафа мекарда бошад, каме даҳонашро кушода меистод ва дандонҳои тиллои пешаш менамуд. Чашмони барҷастааш фурў рафта буданд.
Собир-амак на ба занаш, на ба Гулсум ва на ба ҳайати суд нигоҳ намекард, фақат чашмаш ба ман тир шуда буд. Ба назарам чашмони ў ба ҳолати пешина омада, аз косахонааш барҷастанд, гўё ёзида, ба ҷониби ман меомаданд. Ман ларзида рафтам. Гулсум банди дасти маро дошта фишурд, то қарор истам.
Раиси суд ҳам, аз афт, ин ҳолатро мушоҳида мекард, ки хеле ором истод ва баъди он ки авзои ҳамаро зери чашм кард, ба Собир-амак савол дод.
— Ҳамин духтар шуморо зад?
— Ҳаа, – базўр овоз баровард Собир-амак.
— Барои чӣ?
— Бе сабааб.
— Ҳамида Сиддиқова, шумо барои чӣ ўро задед?
— Маро ҳақорат кард. Тела дод. Баъд падару бародарамро...
Ман давоми гапамро гуфта натавонистам ва гиря гулўямро баст. «Ором шавед» гуфтани раиси суд ба гўшам расид ва баргашта, ба ў нигоҳ кардам. Ба коғаз чизеро навишт ва пошнаи қаламро ба рўи миз зада гуфт:
— Боғи шумо аз дигар боғҳо чӣ фарқ дошт?
— Фарқ надошт. Боғи ман ҳам колхозӣ шудагӣ. Ман гумон кардам, ки ангураш истад, якта-нимта меҳмонҳо оянд, чашида раванд, – ҷавоб дод Собир-амак.




