Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Аз рахна ба боғи бригадир Собир-амак даромадам ва дар як лаҳза сабад пур шуд.
Сабадро бурда ба сари дег мондаму як сабади холиро гирифта омада боз ба боғи ў даромадам. Гулсум ва чанд нафари дигар ҳам гузаштанд.
Як вақт аз таги шипанг овози Собир-амак баромад;
— Ў, лаънатӣ, баро аз ин ҷо!
Баъд овози Гулсумро шунидам, ки гуфт:
— Худо ту босмачии қоқро гирад!
Собир-амак омада маро тела доду фарёд зад:
— Ин боғи колхоз не, боғи ман! Дафъ шав аз ин ҷо!
Дандонҳоям газ-газ шуданд. Корд дар дастам меларзид.
— Босмачӣ, ба вай нарас! Падару бародарашро куштанат бас набуд, ки боз ўро дашном медиҳӣ?! – бонг зад Гулсум. Собир-амак як қад парид ва хост мисли бабр худро ба сўи Гулсум андозад, вале ман ба ў дарафтидам. Ў маро ба зарб тела дод. Байни ҷўя ғелида рафтам. Дигар худро дошта натавонистам. Хестаму ба ў дарафтодам... Собир-амак «воҳ» гуфта ба замин афтид. Гулсум маро дошта: «Чӣ кор кардӣ? – гуфт.
Аҳрор давида ба назди мо омад.
Акнун ба сари ман таъна меборид: «Шуми сархўр, ба сари худаш ҳам об рехт».
Баъд аз чанд рўз маро бурданд. Ба хонаи пасту торике бурданд. Аввал Аҳрорро дидам. Ба назарам ба рўи ман нигоҳ мекард.
Дар паҳлўи ў Гулсум менишаст: ду чашмашро аз ман намеканд.
Ба дилам мадор омад. Гулсум оҳиста мижгон ба ҳам зад. Ба дилам шамъе гузошт, хонаи торик ҳам васеу равшан шуд. Ба гўшаи чашм ба Аҳрор нигоҳ кардам: сар ба зер андохта буд. Шояд аз рафтори ман ор мекард ва ё фикр мекард, ки чӣ гўяду чӣ кунад.
Аз як тараф – вазифа, аз тарафи дигар - ман. Ман ўро бетараф медонам. Вале дигарон чӣ? Онҳо ба ман бегонаанд. Бори аввал мебинам. Зиндагӣ ҳамин будааст. Рўзи тўят ва рўзи азоят мардум ҷамъ мешаванд.
Аз нав хона торик шуд. Мисли субҳи козиб чашмро фиреб медод. Аз ваҳм ба боло нигаристам, нигоҳам ба сақфи пасте бархўрд. Чашмонам сиёҳӣ зад. Баъд ба гўшам саволу ҷавоби одамон даромад. Ҳамаи савол ба Гулсум буд. Ҷавоби ў канда-канда ба гўшам мерасид.
— Не... Нодуруст... Ин ҳеҷ гуноҳ надорад. Агар....
— Ба ин даъвои шумо далеле нест! – овози дағале буд.
— Далелу шоҳид лозим бошад, ёфт мешавад, – овози Гулсум буд.
— Лозим!
— Зани Собир!
— Чӣ?




