Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

— Касе нест, – гуфтам ба модарам.
— Замона ганда, ягон гуреза дар боғхона паноҳ бурдагист,
– гуфт ў. Дуртар рафта истодем, то Аҳрор биёяд...
Аҳрору аробакаш омаданд. Аз дарун садои ханда омад. Аҳрор ҷаста сари девор баромад. Боз садои ханда баланд шуд.
— Ҳа, Собир-амак, чаро механдед? – гуфт Аҳрор.
— Чӣ хел нахандам, гўлакҳо?..
Бадани маро вараҷа гирифт. Собир ба назарам каси ба рўй пўстаккашида намуд ва аз пештара ҳам шумтар тофт.
Модарам Аҳрору аробакашро пушт карда, қуфли дарро кушод. Кўчро аз ароба фароварданӣ будем, ки Собир-амак ба дар наздик омада гуфт:
— Ба шумо бе ҳазлу бозӣ мегўям, ки акнун ба ин боғ ҳақ надоред.
— Чаро? – пурсид модарам.
— Колхозӣ шуд.
— Колхозӣ? Мо ҳам колхоз-ку!
— Шумо ҳам колхозу ба ман гуфтанд, ки бригадири ин ҷо ту, ба ҳамаи ҳамин боғҳо боғбон ҳам мешавад.
— Калони ин ҷо кӣ, наздаш равам?
— Акетон, – нарангушт ба сари сина расонида гуфт Собир.
Ман ба рўи модарам нигоҳ карда натавонистам. Гумон кардам, ки ҳозир модарам «ман дар ин роҳ шавҳар ва фарзандамро қурбон кардам, боз инаш чӣ?» гуфта, ба сари Собир-амак дод мебардорад, вале ў сукут варзид ва якбора пас гашт Модарам бори дигар ба зулфини дар нигарист. Аҳрор модарамро тасаллӣ доданӣ шуд. Модарам хост чизе гўяд, вале Собирамак Аҳрорро ҷеғ зад.
— Ука, пагоҳ ба идораи колхоз биё, як гапи муҳим ҳаст.
Мо аробаро пас гардонидем.
6
Фардо Аҳрор ба идораи колхоз рафт. Ўро хату савод дорӣ гуфта, табелчии бригада таъйин карданд. Ман дар бригадаи онҳо ба кор даромадам...
Мавсими ангурчинӣ ҳам фаро расид.
Мо ба сабаддастаҳо ангур чида, сари дегҳои қатор мебурдем, ба оби ҷўш мезадем ва то пўла шудани донаҳои аввал медоштем, баъд бурда ба мавизҷо мерехтем.
Ман доим ҳамроҳи апайи Гулсум мегаштам. Ў ба ман бисёр нигоҳ мекард, чеҳрааш маҳзун, вале чизе намегуфт. Навбат ба боғи мо расид. Ман намехостам ангури ин боғро чинам. Ба ҷояш мавизак шавад, лекин наканам, мегуфтам. Нигоҳ мекардам, ки дигарон бепарво, тарс-тарс бо кордчаву дукорда думчаи сарҳои ангурро мебуриданд, ман наметавонистам.




