Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

пичиррос зада ба зинаи айвон нишаст: «Босмачиашро ҳам худо гираду ҷангашро ҳам». Ман дафтарҳоямро, ки бори аввал ҳарфҳои лотинӣ машқ мекардам, ба пеши пои модарам андохтам:
— Бибиҷон, чӣ шуд?
Ба саволам ҷавоб надода сарашро ба банди дилам гузошт ва ба кабўтарон, ки дар ҳаво парвоз мекарданд, нигарист.
— Бибиҷон, чӣ шуд?
— Сафедорҳоро буридаанд, болорҳои ошхонаро бурдаанд,
- оҳиста ҷавоб дод ў. – Ошхонаро-ку, колхоз мепўшад, товони сафедорҳоро аз кӣ мегирем....
Модарам ба хавозаи ҳавлӣ нигоҳ карду «вақти боғкўчӣ шудааст» гуфт. Ман медонистам, ток, ки муғҷа баст, модарам тараддуди кўчидан мекард.....
Аҳрор хараробаеро киро карда омад, кўчро бор кардем. Модарам ба Аҳрор фармуд: «Аҳрорҷон, ту аробаро бо роҳи калон бар, мо боғҳоро гузашта, боғхонаро тоза карда меистем...»
Ҷуфти кабўтар болои сари Аҳрор гирд гаштанду ба сари дасти ман нишастанд. Модарам нигоҳ карда чизе фармуданӣ буд, вале кабўтарҳоро дида хомўш монд. Пас оҳиста рўй гардонда «сабадро гир, меравем» гуфт. Хам шудам, ки сабадро гирам, кабўтарҳо баробар парвоз карданд. Хостам онҳоро дошта ба сабад андозам, вале лаби бом нишаста гирди ҳам гашта ҳув-ҳув мегуфтанд.
Ҳарчанд «беҳ-беҳ» гуфтам, дон пошидам, нафаромаданд. Сабадро монда, ба бом баромадам, онҳо парида ба хавоза нишастанд.
Кабўтарони ман ҳеҷ гоҳ суханамро накушта буданд.
— Хайр, биё, баъд омада мебарӣ, – гуфт модарам. Мо аз дар баромадем, кабўтарҳо баланд парвоз карданд. Ман раҳораҳ аз онҳо чашм намекандам...
Мехостам ҳамроҳи Аҳрор равам, қадамзании ўро бинам, дар роҳ хомўш, боандеша рафтани ў ба ман маъқул буд. Ман медонистам, ки модарам китобҳои қадимаро хонда, «баду нек»-ро фаҳмидааст, барои ҳамин бисёр ба андеша меравад, вале сабаби андешамандии Аҳрорро пай бурда наметавонистам. Гумон мекардам, ки ў дар бораи ман фикр мекунад, барои ҳамин, вақте ки ҳамроҳаш меравам, ором мегардад. Магар таъсири сағирагист? Агар ин тавр бошад, ман ҳам бояд ором бошам. Баракс маро «оташ» ё «офат»
меноманд. Сухани мардум маро бардор медиҳад. Панҷаҳоям худ аз худ гиреҳ мешаванд. Дари боғ. Модарам миллаашро ба пеш кашида аз нўги он калидро гирифт, то қуфлро кушояд. Чашми ман ба сўрохии болои дар афтод: касе чашм монда ба мо менигарист.
Оҳиста модарамро ниқӣ кардам. Дастони ў ларзиданд, аз қуфл калидро пас гирифт ва як қадам ақиб монд. Чашм аз сўрохӣ дур шуд. Ман рафта нигоҳ кардам, ба чашмам офтоб расид...




