Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Аҳрорро зуд-зуд дидан мехостам. Аҳрор писари аммаам. Баччаи кобил ва бепадар. Тақдири ў бо тақдири ман якест. Бозору рўзгор ба гарданаш. Баъди дарс ўро ёфтан мушкил.
Ташвиши зиндагӣ ба сари ман ҳам фаромад. Аввалҳо аз сари зардолупаз донак ҷамъ мекардам, ки зимистон шўрак карда фурўшам. Оҳиста-оҳиста ба нонфурўшӣ гузаштам.
Чӣ бояд кард? Модарам боз бихалифагӣ кунад? Не, ҳаргиз.
Ман калон шудаам. Ман бояд хизмат кунам.
Баъзан ангурфурўшӣ мекунам. Аҳволи маро Аҳрор хуб медонад ва ҳар гоҳ ба ман ёрӣ медиҳад. Ў аробаччаи дастӣ дорад. Сабадҳои ангурро бор мекунаду бозор мебарад, ҳамроҳ меистад, сабадҳои холиро бор карда бармегардад. Сари сина ба пеш дамонда аробаччаро тела медиҳад ва ман баробари ў қадам мезанам. Ў ором меравад. Ман гумон мекунам, ки ё аз зиндагӣ фикр мекунад ё сараш дард дорад. Қариб дар ҳар қадам ба ў менигараму сир бой намедиҳам, ў ҳам чизе намегўяд. Гоҳе ки фароз меояд, беихтиёр аз шотуи дастаробаи ў медорам, то ёрӣ диҳам, вале Аҳрор розӣ намешавад, пойҳояшро ба замин тир карда тезтар мегардад. Ман гумон мекунам, ки роҳи ману Аҳрор анҷом надорад. Чархҳои аробааш «ғиҷ-ғиҷ» оҳанг мебароранд.
Аҳрор аробаччаро даруни ҳавлӣ дароварда мемонад ва ба «шин-шин»-и модарам нигоҳ накарда, «зудтар ба хона равам»
мегўяд.
Ў мераваду аз гулўи ман чизе намегузарад.
Аҳрор баъд аз модарам каси наздики ман аст, вале ҳамаи гапҳоямро ба ў гуфта наметавонам, шояд аз шарм бошад. Аммо гапи бисёр дорам. Охир, мо ду нафар тасаллои ҳамдигар ҳастем. Ўро намедонам, ман бисёр фикр мекунам. Ҳамин ки рў ба рў омадам, хомўш мемонам. Барои чӣ? Намедонам.
Колхоз. Аз ин сухан модарам хеле хурсанд шуд. Вай гумон кард, ки ҳама ташвишҳо аз сари ў бардошта шуданд: ҳам ток гўр кардан, ҳам кушодану токпилла ва ҳам ҳар сол боғхонаи нав пўшидан. Фақат баҳорон баробари неш задани сабзаҳо ба боғ мекўчему хазонрез бармегардем. На танҳо модарам, ман ҳам хурсанд шудам, ки Аҳрор ҳам он қадар азоб намекашад. Дар колхоз ҳама ба якдигар ёрӣ мерасонанд, касе танҳоӣ намекашад. «Колхоз ин шумо ҳастед. Заминҳои шумо колхозӣ мешавад, яъне аз они худатон...»
5
Баҳор. Модарам мисли навдаҳои дарахтон рўҳ мегирифт. Рўзе
то аз мактаб баргаштани ман рафта, боғро хабар гирифта омадааст. На гиряаш маълум буд ва на хандааш. «Токҳоро аз хок
бароварда, токпилла кардаанд...» гуфту сухан дар даҳонаш фурў монд ва пас аз хеле вақт аз доманаи абрҳои ором чашм канда, «бемардӣ ҳамин-дия!»




