Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

ман гузашта, «ноумед нашавед» гўён назди ў рафт ва ба ошхона, ки мардум болору вассаҳояшро бурда буданд, нигариста гуфт:
— Муллоҷон, деворҳои ошхонаро лой зада мепўшидед.
— Хуб.
Ман ҳамроҳи мардикор ошхонапўшӣ рафтам. Модарам токбурро гирифта бо Аҳрор ба токпилла даромаданд.
— Болор ҳаст? – пурсид мардикор.
— Не.
— Чӣ катӣ мепўшем?
Ман «ана ин сафедорҳоро мебурем» гуфтам, вале дилам таҳ нишаст, ки модарам ҳеҷ гоҳ ба буридани ниҳоли сабз розӣ намешавад. Назди модарам рафта пурсидам, ки «чӣ катӣ мепўшем?» Ба фикр рафту «ноинсофҳо ҳар баҳор ташвиши моро зиёд мекунанд»
гуфта, онҳоро, ки болору вассаҳои ошхонаро бурда буданд, дуо кард, баъд ба гўшаҳои боғ нигариста, «хайр, ҳамту лой зананд, баъд худамон мепўшем» гуфт.
— Бибӣ, сафедорҳоро бурем-чӣ?
— Не, кӣ гуфт, ки ниҳоли сабзро бур?
— Худатон мегўед-ку, зарур бошад, раво бошад.
— Бале, зарур бошад, раво бошад. Локин онро бурида якбора ба рўи девор гузошта намешавад: тар, вазнин.
Мардикор як қадар дур рафту «ман сафедорҳоро бинам-чӣ, коройиаш ҳаст ё не» гуфта боғро давр зад. Ду сафедори кирмғўҷ ва як сафедори байни девор мондаро, ки ҳам ба боғи мо ва ҳам ба боғи ҳамсоя соя мепартофт, буридан хост.
— Не, муллоҷон, дутоашро буреду ба онаш даст назанед. Шоху танаи ҳаминҳо мерасад, – гуфт модарам, зеро намехост, ки дупула гап садпула ғавғо шавад.
Ман чанд нарди хушрўйро ҷудо кардам, то барои кабўтаронам лона созам, вале аз бими гурбаҳо дар куҷо лона сохтанамро надонистам. Мардикор рўзи дуюм ҳам кор кард, хостам гўям, ки барои кабўтаронам лонае созад, вале худдорӣ кардам. Аҳрорро пурсам гуфтам, дилам об нахўрд, зеро мехостам дар лонаи онҳо осори дастони худам бошад. Ҳарчанд барои кабўтарон лонаи бодабдаба лозим нест, ман мехостам онҳо ҳам орому осуда, бехавфу ҳарос пару бол зананд.
4
Аз манора ҷуфте кабўтарчўҷа овардам. Онҳоро ба рўи хона сар додам. Онҳо мисли ману Аҳрор парвоз наомўхта буданд. Аз одам рамида гоҳ-гоҳ бол кушода рў-рўи хона мегаштанд. Дону обашон медодам ва даст гирифта кўдак барин ба синаам пахш мекардаму мебўсидам. Яке наботранг ва дигаре сафед буд. Наботиаш ба ранги Аҳрор мувофиқ омада буд.




