Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Ман сар ба зер афкандам, пай бурд, ки шарм доштам, худаш ҳам хиҷолат кашида «бубахш» гуфта ба ҷўяи дигар даромад.
Ҳамон вақт фаҳмидам, ки зиндагӣ бояд аз ҳурмату эҳтиром иборат бошад. Орзу мекардам, ки мардум хеле ором ва бомулоҳиза ба ҳам сухан гўянд, мағал накунанд, зеро дар хомўшиву оромӣ маънии гапро кас хубтар мефаҳмад ва ҷавоби мувофиқе ёфта метавонад. Ҳис мекардам, ки дар сукути шабҳо ва субҳдам овози булбулу парандаҳо ва ё суруде ба гўш хеле форам ва маънодор мерасад ва дар байни суруд овозе ба гўш расад, ҳаловаташ гум мешавад.
Агар касе «зиндагӣ ба дилам зад, дилам заҳр гирифт» гўяд, мехостам гўям, ки ба зиндагӣ дил бандад, зеро зиндагӣ сурудест, ки кас мехоҳад ҳама вақт гўш кунад... Ҳамин дам табиати кабўтарон ба ман маъқул омад, ки то чӣ андоза онҳо бегуноҳанд, чӣ садоқате доранд, ҷуфти худро иваз намекунанд. Кабўтарони худро ёд кардам ва агар онҳо ҳамроҳам мебуданд, аз минқорашон мебўсидаму ба Аҳрор ҳадя мекардам, ки ба чашмони зебои онҳо нигарад ва албатта саволе ҳам медодам, ки чаро дар афсонаҳо ин қадар аз кабўтар сухан равад? Ин савол ба дилам монд: нахостам ўро бо ин хел гапҳо парешон кунам. Ман мехостам мардум танҳо некии зиндагиро пеша кунанд ва мисли кабўтарон беозор бошанд...
Садои ба санг бархўрдани каланди Аҳрор хаёли маро парешон кард. Чашмам ба сари девор афтид. Собир-амак моро мепоид.
Ҳаяҷонамро фурў нишонда, назди Аҳрор рафта, нонро ба рўи токе мондам ва беихтиёр «шумо» гуфтам. Хостам аз паси ин калима боз лафзҳои дигар пайваста, ба ў олами нав кушоям, вале ҳамин дам модарам бо марде аз даричаи боғ даромад. Ба назарам аз рўи Аҳрор як даста оташ бархост, рўи ман ҳам лаввас зад. Ба ҳолати нобобе афтидам, ки чаро ба модарам чизе нагуфта ин ҷо омадам.
Албатта, ба ҳамин умед омадааст, ки кор кунаду ҳақ гирад. Аз пода пеш чанг карда, ба назди модарам рафта, «чӣ лозим буд?
Аҳрор ҳамаашро мекард» гуфтам. Ман гумон кардам, ки ба ин калонгапиам танбеҳ мегирам, ў табассум карду гуфт: «Аҳрор ҳоло кўдак аст, токпилларо наметавонад».
— Монда набош, Аҳрорҷон! – гуфтани модарам андешаи маро бурид.
Аҳрор арақи пешонӣ бо ангушт тоза кард, пас ба модарам нигариста, «раҳмат» гуфт ва бо мардикор вохўрӣ кард. Модарам ба ман фармуд, ки аз боғхона токбурро биёрам. Оварда ба мардикор дароз кардам, ранги мардак зард буд. Токбурро аз дастам гирифту табассум кард ва хеле паст ба гап даромад: «Ман ток бурида наметавонам, гумон кардам, бехи токро нарм кун мегўед».
Аҳрор аллакай ҷўякҳо ва бехи токҳоро нарм карда буд. Ҳам модарам дар хиҷолат монду ҳам мардикор. Чашмҳои ниёзманди мардикор аз ман ҳам зиёдтар модарамро парешон кард. Аз паҳлўи




