Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

— Амак, шираи токи моро хок намакидааст? – боз пурсидам, вале ў кар шуда буд. Ду-се қадам монду зери лаб ғур-ғур кард, ки чӣ гуфтанашро нашунидам. Боз пурсидам:
— Мумкин макида бошад? – гуфт базўр ва ба модарам бадбад нигарист.
Нигоҳаш роҳзан буд. Қаҳрам омада бошад ҳам - лаб газидаму «раҳмат» гуфтам. Пушаймон шудам, ки чаро даъват кардам.
Гапи Собир - амак ба модарам ҳам сахт расид магар, ки:
— Мон гум шавад. Рўяшро мурдашў бинад, – гуфт. – Духтарам, ту ҳамин ҷо шин, ман бозор рафта, ягон мардикор киро мекунам.
Ҳар чӣ бодо бод! Ангур надиҳад, сабз мешавад-ку!
— Мардикор бепул меояд?
— Пул. Сабил монад, мо кай аз ишкели пул озод мешуда бошем? – гуфт ў. Ман чунин сукут рафтани ўро надида будам.
Ў хомўш буд ва масъалаи пулро худ ба худ муҳокима кард:
«Раваму нафақаи дадешу Муродро пешакӣ гирам, медода бошанд?..
Боз мардум нагўянд, ки мурдани онҳоро интизор будааст?..»
Дар ҳамин лаҳза ба дили сахти ман аввалин бор раҳм пайдо шуд ва ба хотирам Аҳрор омад, тохта назди модарам рафтам.
— Бибӣ, Аҳрорро рафта гўям, ки ёрӣ диҳад?
— Не, – базўр овозаш баромад.
— Бибӣ, вай не намегўяд...
— Наметавонад, холо кўдак аст...
Ман дигар сухани модарамро нагардонидам.
Бегоҳии ҳамон рўз Аҳрорро ёфта, гапамро гуфтам. Ў хеле фикр карду гуфт: «Каландро даста созам, пагоҳ меоям, ба модарат нафаҳмон».
...Рўзи дигар ба модарам «мардикор кофта нагардед» гуфтаму як нони осиёбӣ гирифта ба боғ рафтам. Аҳрор аллакай дар ҷўякҳои ток мегашт, вале маро дида ба ҷўя хам хўрд: ин таъсири ҳамон бозиҳои кўдакии мо буд, ки «рустшавакон» меномидем, гоҳ-гоҳ аз дур омадани ҳамдигарро дида монем, худро ба хамгаште кашида, якбора «ваҳ» гўён метарсонидем. Ғайр аз Аҳрор касе бо ман чунин бозӣ намекард.
Ба он ҷое, ки Аҳрор аз назари ман хам хўрда буд, рафтам, вале ў набуд, каме ҳаросидам, ки эҳтимол ба чашмонам сураташ тофта бошад. Пас бинам, токҳои ду ҷўя каланд кардагӣ. Далертар шуда ба ҷўяи дигар гузаштам. Аҳрор набуд. Ба ҷўяи охирин расида будам, ки якбора аз паси кундаи ток «ваҳ!» гўён худро ба пеши поям андохт. Як ларзидаму табассум кардам ва ба чоки гиребонам «туф-туф»:
— Тарсондед!
Ў хандид, вале ҷавобе надод. Хандааш якбора қатъ шуд ва рост ба чашмони ман нигарист. Нигоҳаш таҳдор ва хеле самимӣ буд.




