Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 470 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аз ман хафа шудӣ? – пурсид ў. – Агар ин тавр бошад, ҳамроҳат ба он баландӣ мебароям, – боз гуфт ў.
Алангае ба дилам расид ва беихтиёр ба лабонам табассум омад:
«Меравед?»
— Меравам.
Ман аввал ўро назди дари мадраса бурдам ва гуфтам: «хон», ў «ман арабиро хонда наметавонам» гуфт. «Кори усто Сиддиқи зарринқалам» тез хондам ман. Ў ба ман нигоҳ карда монд... Баъд даст ба даст гирифта боло баромадем. Кабўтарон сурудашонро мехонданд. Ман аз ў пурсидам:
— Инҳо чӣ мегўянд?
— Ман забони мурғонро намедонам.
— Шуморо «хуш омадед» мегўянд, – шарҳ додам ба ў. Ҳар ду болои мадраса баромадем. Аз он ҷо тамоми шаҳр менамуд, чунин гумон мекардам, ки дар чаҳон касе аз мо баландтар набаромадааст.
Дар ҳамин баландӣ Аҳрор мўйҳои маро сила карда сарамро ба сўяш кашид. Баданам ларзид, баъд тасф баровард. Кабўтарҳо аз пеши назарам дур шуданд ва ман чашмонамро кушода, ба Аҳрор ҳам нигоҳ накарда, аз манора фаромадам.
— Ист, ист, маро бубахш, ист! Ҳамида, ист!!! – фарёд зад ў, вале ман худро даст гирифта натавонистам. Ў маро дарёфту аз китфам дошта гуфт: «Маро бубахш, дигар ин хел намекунам, ба модарат нагўй, дигар ин хел намекунам». Ҷавобе надода рафтам.

3

Баҳор омад. Кори боғ баромад. Ман аз мактаб рост ба боғ меомадам, ки ба модарам ёрӣ диҳам. Вай ҳамаи кори боғро саранҷом карда наметавонист. Ман ҳам аз ўҳдаи токбуриву каланди боғ намебаромадам. Модарам ба сари ҷўякҳои ток менишасту мегирист, ки ин сабзаҳои дасти падару бародарат аст. Аввалин кори савоби бародарат ҳамин токҳост. Ў қаламчаро нигоҳ медошт, падарат об мерехту аз болояш хок мекашид. Имрўз касе нест, ки онро аз зери хок бардорад, каланду қайчӣ кунад...
Ҳамроҳи модарам токҳоро кушодам. Токи мардум аллакай муғча баста буд, вале токи мо нав рўи офтобро дид. Модарам хеле парешон шуд, ки шираи токро хок макида бошад, бар намедиҳад.
Ман қариб буд гиря кунам. Ба боғи ҳамсоя гузашта аз Муслима пурсидам: «Собир-амак куҷо, токи моро бинанд, кирои меҳнат мекунад ё не?» Ў аз байни токҳо сар бардошта омад.
Модарам ибо кард, ки аз ў пурсад. Ман пурсидам:
— Амак, токи мо ҳосил мебандад?
Вай гўё саволи маро намешунид, якзайл ба модарам нигоҳ мекард. Модарам парешон шуд ва ба ҷўяки дигар гузашт.

пешина
аз 470
навбатӣ