Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 47 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ягон даҳон гап намезад. Пурсӣ, хандида ҷавоб медод. Аз ман пештар мўйсафед номашро пурсид. «Аҳрор» ҷавоб дод ў, якбора дилам таҳ нишасту суруди хомўшгаштае аз нав ба гўшам маҳинмаҳин садо дод. Дуру дароз ба писарак нигаристам. Чашмаш ба ман афтида, хиҷолат кашид.
«Не, хиҷолат накаш, номи бародари ман ҳам Аҳрор, аскарӣ рафтагӣ» гуфтам ба ў. Нигоҳаш меҳрубон шуд.
— Ягон кас дорӣ? – пурсидам аз ў.
— Ҳа.
— Кӣ?
— Модар, лекин ўро қариб намебинам, рўз нашуда, ба кор мераваду дар торикӣ меояд. Баъзан рафтану омаданашро намебинам.
Падарам бародари шумо барин ба ҷанг рафтагӣ.
— Ҷанг тамом шавад, олам гулистон, канӣ ба трактор об андоз.
– Барои он ки фикру зикраш ба бадбахтиҳо банд нашавад, ўро ба кор андармон кардам.
Рўзи дигар қайчӣ овардам. «Аз оби гарми трактор гирифта мўи саратро тар кун» гуфтам. Хиҷолат кашид. Мўяшро худам тар кардам ва қайчӣ задам. Мўяшро тарошида шудаму гуфтам:
— Акнун рафта ба наҳр оббозӣ бикун, сару гарданатро хуб мол...
Тораҳои мўяшро аз доманам чида, ба рўймолчае бастам... Баъд, вақте ки шустушў карда, нуронӣ шуда омад, мўйро додам, ки ба каноре барад. Намедонам, қасдан кард ё фаҳмида, ки мўйро ба пеши дандонаҳои плуг андохт.
— Аҳрорҷон чӣ кор кардӣ?
— Парво накунед, ойтӣ, замин зўр мешавад.
Дигар чизе нагуфта тракторро рондан гирифтам. Трактор ду-се бор гашт. Аз афт, Аҳрор рамуз гирифт, ки пурсид:
— Ойтӣ, хафа шудед?
— Не.
Вай дигар чизе напурсид. Ман ҳам ором трактор рондан гирифтам. Аз дур садои даштбон омад:
«Сафедори баланд як навдаву сад барги тар дорад»…
Суруди ўро борҳо шунидаам, тракторро хомўш кардам, ки боз гўш диҳам:
«Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад?
Ҳамон фарзанди ноқобил гиребони падар гирад, Ҳамон фарзанди қобил пои тобути падар гирад».
— Чӣ хел нағз-а, ойтӣ?
— Нағз....


... Қатраҳои борони тирамоҳ ба рўи тунукаҳои трактор бархўрда, паҳн мешуд. Аҳрор тоқиашро аз сар гирифт, то борон расад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан