Ў тоқат наоварда, рост хест ва даҳонашро ба осмон боз кард:
«Бирез, бирез, ҳалқам қоқ, бирез, бирез, тоқат тоқ».
— Аҳрорҷон?
— Лаббай.
— Ба ту кулча пухта будам, – кулчаи ширмолро ба ў дароз кардам.
— Ойтӣ, шумо...
— Гир, Аҳрорҷон....
— Ҳозир, – ў кулчаро нагирифта, худро аз трактор ба замин партофт ва кўзаҳоро аз чашми хўрҷин гирифт. Якеро ба замин гузошт, дигареро дам кашид. Пас ба ман гўшаи чашм андохта, оҳиста аз даштбон пурсид:
— Бобо, ҳамин занак чӣ хел занак?
— Ногуфтанӣ…
Ҷавоби бобо базўр ба гўшам расид...
Аз доманаи саҳро саворае намоён шуд. Ман пас гашта ба трактор нишастам.
— Ойтӣ, хафа шудед?
— Не, Аҳрорҷон...
Ман тракторро сўи савора рондам. Қаровул дасташро лапар карда дуру дароз нигаристу «раисамон» гуфт.
Дар огарди охирини замин савора наздик шуд. Тракторро боздоштам.
— Комилҷон, чаро аз ин тараф? – ҳайрон пурсидам.
— Аз шаҳр, модаратро хабар гирифта омадам.
Дигар ба ў чизе нагуфтам. Аз трактор ба пеши аспаш гузаштам.
— Коҳидаӣ. Акнун кор бас. Дам гир, – гуфт ў.
— Аҳрор тракторрониро ёд гирад... Зимистон ҳам наз дик...
Ҳоло ҳам даштбон даст лапар карда ба ин сў менигарист.
Қади Аҳрор ба китфи ў мезад.
Ман кўдак барин ба гардани Комил часпидам.
— Тракторро баргардон, ба хона меравем, – гуфт.
Ман ёли аспашро сила карда ба трактор гузаштам. Тракторро баргардондам. Аспи ў паҳлўи трактор қадам мезад. Комил ба хоки нарм чашм медўхт. Сангҳо дами дандони плугро мегирифтанд, трактор садои гўшхарош мебаровард, ҳамчун шери жаён меғуррид.
Комил чизе гуфт, нашунидам.
— А?
— Кўҳна шудааст! – дастонашро ба лаб карнай карда гуфт ў.
Ба ҷавобаш сар ҷунбонидам.
Назди даштбону Аҳрор омадем. Комил онҳоро ҳолпурсӣ кард.
Аҳрор ҳайрон ба мо менигарист. Ў пешониашро сила кард, тоқии зангораш ба пушти сар лағҷид.
— Мулло Аҳрор, трактор ронда метавонед?





