— Ҳоло не.
— Ҳа, ёд мегиред,
— Хайр, падар, мо рафтем! – ба мўйсафед рў овард Комил.
— Хуб, писарам...
Ман аз трактор ба пеши зини Комил гузаштам. Аҳрор тамоман ҳайрон монд.
Дар канор гандум сўзан барин неш зада буд...
16
Чўҷабарак дар осмон кабўтари сафедро ғоз-ғоз кард магар, ки пас аз борон парҳои жўлидаи барф рехт.
Зимистон зимистонӣ кард. Ман доим дар хона ва гоҳ-гоҳ ба шаҳр мерафтам.
Ба шаҳр рафтам. Тағоям пайдо шуда, ҳавлиашро фурўхта ба ҳавлии мо кўчидааст ва модарам дар ҳуҷраи хурди назди дарвозахона зиндагӣ мекунад. Хеле хафа шудам ва модарамро пурсидам, ки ба хонаи мо биёяд. «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар»
гуфту монд. Дигар гап назадам. Ин хабарро ба Комил расондам.
Зуд-зуд хабар мегирифт...
Ҷавононро ба аскарӣ мегирифтанд. Комил аз пасашон мегирист, ки панҷаҳои колхоз бурида мешаванд.
Аз андешаи зиёд хаста шудам. Мехостам зудтар ба трактор шинаму садояш тамоми андешаҳоро аз ман барад. Даштбону Аҳрорро ёд кардам. Ҳар лаҳза дилам метапид, ки Аҳрор қад кашида истодаасту ўро ҳам ба аскарӣ мегиранд. Тракторрониро ёд нагирифта мемонад ва дигар сарашро сила намекунам. Фақат рўзи рафтанаш «хайр» мегўяму бас.
Табиат, ки хўи рангае дорад, тақдири одамон ҳам гуногун аст. Ман дар изтироб, ки Аҳрори ҷавон ҳам дар қатори мардон ба ҷанг мераваду ғўрамарг мешавад. Кабўтари «Набот»-ро гурба хўрд... боз чӣ қадар нохушиҳо... Магар аҷал йигитҳоро сарбез мекунад?
Зимистон даргузашт. Тухмӣ намонда буд, ки баҳор коранд.
Ҳам пахта, ҳам гандум. Азоби саҳро ба кўдакону зану мўйсафедон. Гандуми дар санглох кишт кардаамон, ба бахти колхоз, шуд кард. Ман аввалин бор дос гирифтам. Аҳрор ҳам досчаашро гирифта ба дарав омада буд. Даштбон об мекашонд. Ман Аҳрорро дар паҳлўям гирифтам. Тора-тора гандум мекандам ва байни панҷаҳоям медоштам. Хўшаҳо аз дастам мерехт. Аҳрор нигоҳ карду «Янгамулло, мана ин хел, вақти қабза гирифтан, панҷаҳоятонро накушоед» гуфта як қабзаро печонда-печонда сахт кард ва якбора дароз-дароз дос кашиду «Ана инро «янқа» мегўянд» гуфт.
— Ҳамин хел?
— Ҳа, ана ҳамин хел, лекин қабзаро калон гиред.





