Мўйсафедон миёни хам шудан надоштанд, шишта дарав мекарданд. Миёни ман ҳам дард кард, гоҳ-гоҳ рост мешудаму шарм мекардам, ки шинам. Аз зери абрўвонам ба Аҳрор назар андохтам.
Мардҳои тануманд барин кор мекард. Пеши доси маро ҳам янқа мезад. Чанги талхак димоғамро сўзонд: сурфидам. Аҳрор дастаашро ба рўи бандина гузошта, ба ман нигоҳ карду «чангаш бисёр бад» гуфт. Боз чизе гуфтанӣ буд, вале ба занҳои гирду атроф, ки ду-ду, се-се шуда, фичу куч карда, ба ман дам ба дам менигаристанд, бад-бад чашм дўхт. Ман медонам, ки онҳо «ба ҷои ў ман бошам, дар сояи воиши раис мехобам» мегўянд. Рост, бисёр духтарони шаҳр тафбоду чанги талхи саҳроро намедонанд, садои якнавохту дилбазани зиллаҳоро намешунаванд, чунонки мардуми колхоз дар гармо сояю оби сардро намебинанд. Рўи онон аз сармо мекафад, аз офтоб мепазад. Рухсораашон сурх.
Ман имрўз бисёр касони ношиносро мебинам. Онҳо ҳам беист ба ман нигоҳ мекунанд. Ҳама харобу лоғар менамоянд, вале ниҳоят чаққон.
Китфу пайвандҳои дастам монда шуданд, базўр досро медорам. Қоматамро рост карда «уф» гуфта миён молидам: «Бале ба ҷонатон, мардум».
Нигоҳам ба даштбон афтод, ки бо лангари рафтани хар гўшакҳои телпакаш бозӣ мекард, риштаи гўшаки росташ алвонҷ мехўрд. Ў ду говбанд гандумро ба об хобонда, овардааст. Вақте ки бандина мебарад, хўшаҳои хушк хиш-хиш садо бароварда бозикунон мераванд. Гоҳе ки тар шуда меоянд, сарашон хам. Даштбон аз хар нафуромада, ҳалқаи ресмонро кушод ва ду говбанд ба замин шорид. Баъд ў аз хар фуромада, бандинаро зери бандҳо гузошт, то намаш напарад.
Банд-банд даҳ-дувоздаҳ хўшагӣ ҷудо карду аз бехи хўшаҳо ду бор ба ҳам печонида бандина сохт ва ба замин партофт. Гандумро бо гандум мебандад. Риши сафеди ў ҳар лаҳза ба хўшаҳо мечаспад.
1 Ҳар лаҳза фарёд мезанад: «Шаввозҳо, хорашро ҷудо кунед»!
Офтоб, ки дар доманаи уфуқ ҳошияи гулобӣ баст, ҳар кас як банд бардошта, хирманҷо мебурд. Ман ҳам як банд мебардоштам, вале Аҳрор «монед, ман омада мебарам» гўён намегузошт.
— Ҳеҷ гап не, Аҳрорҷон, қатори мардум.
Ҳар пагоҳ меомадам, ки ҷойҳои нодарав даравидагӣ.
«Мардум хеле барвақт меоянд» аз дил мегузаронидам. Пагоҳии дигар барвақт омадам, боз ҳол ҳамин, нишонаи гузоштаам дар қафо мондааст. Тоқат накарда аз Аҳрор пурсидам:
— Аҳрорҷон, пас аз рафтани мо гандумро кӣ медаравад?
— Ҳеҷ кас.
- Шаҳбозҳо.





