— Росташро гўед.
— Ҳамин даравгарҳо моҳтоб, ки баромад, гашта меоянд...
Аз гўшае овози писараке садои хурўсчўҷа барин нагузошт, то андеша кунам:
«Аскаргирӣ шуд, акои мо аскар шуд, Тагбанди миён ба гардани дилбар шуд».
…Панҷ сол гузашт. Комил фарзанд мехост. Менишасту бо алам «ҷанг аҷалест, ки тифлонро дар шиками модарашон мекушад»
мегуфт. Ишораи суханаш ҳамин буд, ки бисёрии занҳо бешавҳару бефарзанд монда буданд. Ман ин гапи ўро талх фаҳмидаму дили оҳанамро занг хўрд. Комил дид, ки дар чеҳраам осори нохушист, меҳрубонӣ мекарду механдид: «Ҳамааш мешавад, сарамон амон бошад» мегуфт.
17
Хоб дидам, ки аммаам дар аспи безин нишастаасту «дар ин ҷаҳон ҷангу ҷидолҳо ба ман нафорид» гўён аспро тозиёна мезанад ва рўй пўшида меравад. Ман асп мемонам, ки ўро баргардонам.
Сари аспам ба сағрии аспаш баробар шуду аспам пешпо хўрда афтид ва аспи ў паси уфуқ пинҳон шуд. Бедор шудам. Комил болои сарам меистод.
— Хез, ба шаҳр меравем.
— Чӣ гап? – парешон шуда пурсидам.
— Ҳеҷ гап не.
Ба шаҳр омадем, вале лаҷоми аспро сўи ҳавлиамон нагардонд.
— Комилҷон, ба куҷо?
— Амма... амма, – гуфт ў ва боз хомўш шуд.
Пеши назарам хоби дидаам омад. Чашмамро пўшидам... Аз гаҳвора то тобут як қадам будааст....
— Амма, амма... тири ҷанг ба шумо хам расид, амма... – гиря мекард Комил. Ба гўши ман чунин мерасид, ки Комил неву Аҳрор мегиряд: – Бевафоӣ кардед, амма, ҷанг ба марги шумо маътал буд магар, амма...
Сиёҳам сафед нашуда буд.
Аз байни баргҳои ток офтоб чашмак мезад. Дар сояи болои кати чўбӣ ҷо-ҷо дарбеҳи заррин буд. Кўрпача лаганда мекардам.
Таги дилам оташ гирифт. Кўрпачаро ҷамъ кардам, ба хаёл рафтам, вале сарам сад тақсим буд. «Ҳамин хел хам мешудааст-дия, як ҷуфт кабўтар аз як ҷинс... Табиат саховате дорад, ки якеро зор мекунаду дигареро безор...»
Тақ-тақи дарвоза шуд.
— Кист?





