Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 52 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 52 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ман, Аҳрор.
«Аҳрор? Кадом Аҳрор?» - ба худам савол додам ва тохта ба дарвоза рафтам.
— Салом, янгамулло.
— Салом, Аҳрорҷон, дароед.
— Не, –сарашро хам карда, – раис фиристоданд, – гуфт ва ҳалқаи дарвозаро дошт. – Чакка медодаед, – гуфту рафтанӣ шуд.
— Чакка? Раис дар куҷо?
— Дар идораашон.
— Аҳрорҷон, шуморо ранҷонданд?
— Не.
— Чаро хафа?
Ў сар бардошта рост ба чашмонам нигарист ва боз сарашро хам кард. Дилам таҳ нишаст.
— Ба шумо ягон гап шудагӣ? – кунҷкобӣ кардам.
— Ба ман ҳеҷ гап намешавад.
— Шаб раис ба шумо повестка омадагӣ гуфтанд?
— Ба худи раис повестка омадагӣ...
— Аҳрорҷон, ин чӣ гуфтагиатон? Истед... Чаккаро баред.
— Худатон баред...
Ў сўи идораи колхоз не, ба муқобили он роҳ паймуд. Дар хайрат мондам. «Аҳрор ин хел набуд-ку? Ў мулоҳиза дошт, гап занӣ, сурх мешуд...»
Ў рафт. Надонистам, ки чаккаро бо кӣ фиристам. Комил дар ин гармо дўғоб хўрданист. Ман медонам, ки ў танпарвар не, вале ҷигараш сўхтааст. Як коса чакка гирифтаму ба болояш нон монда ба идораи колхоз рафтам.
Зинаҳои идораи колхозро мебаромадам. Чанд бор ба тирезаи идораи Комил нигаристам, ки ҳамроҳаш кӣ бошад. Чашмам ба тиреза, нўги поям ба зина дакка хўрд, коса аз дастам парида ба тобасанги зери посутуни паҳлўи зина бархўрду шикаст ва чакка ба хок ҷўлид. Нон ғелида рафт. Бинову таманно монда чакка оварданам чӣ шуду ба тиреза нигоҳ карданам. Зинаҳоро баргашта фуромада, нонро бардоштам.
Дари идораи раис оҳиста нимбоз шуда, касе баромада, зуд пўшид.
— Салом, янгаой, ба шумо чӣ шуд? Наход худатон биёред.
Ягон бачча, ба Аҳрор медодед...
— Раис ҳастанд?
— Аз шумо пештар ба саҳро рафтанд, – гуфт раиси ҷамоат ва хам шуда, чаккаро ба нимаи косаи шикаста бардошт.
Чашмам ба тиреза афтид: пардааш ларзида рафт.
Неше ба дилам халид. Чунин вонамуд кардам, ки чизеро пай набурдаам ва ба суханони раиси ҷамоат Нозир бовар кардам.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан