Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 53 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 53 аз 470 · 3 ноябри 2026

Фаромўш кардам, ки нонро ба ў диҳам. Баргаштам. Не! Тоқатам намонд. Бовариам наомад, ки раис ба саҳро рафта бошад... Ба хонаи Аҳрорино рафтам.
Аҳрор баргашта омадааст, ў дарро ба рўи ман кушода, салом ҳам надод, таклиф ҳам накард. «Ин хел набудӣ-ку?» - худ ба худ савол додам.
— Модарат куҷо?
— Ман модар надорам.
Ман модарандари ўро пурсидам, вале боз сахт ҷавоб дод.
— Мумкин, ки дар хонаатон нафасамро рост кунам?
Ба лабонаш табассум омад ва яктарафа шуда, ба ман роҳ дод, ки дароям. Назди тиреза нишаста, пардаро калонтар кушодам ва чашм ба дари идора дўхтам. Хеле вақт гузашт. Нигоҳ кунам, Аҳрор ҳоло ҳам ба паҳлўдарӣ такя зада рост истодааст.
— Аҳрорҷон, шинед. Тирезаатон ҷои тамошо будааст...
— Ҳа, ман ҳам шуморо тамошо кардам.
— Афтиданамро?
— Не, шуморо...
Ў афтиданамро диду шарм накунад гуфта «шуморо» мегўяд.
— Шумо тамошо карда шинед, ман зуд меоям, – гуфта, баромада рафт.
Аҳрор рафту хестанӣ шудам, ки дари идораи раис кушода шуд. Зане баромад. Аз зинаҳо калавида фаромад. Пештар омад:
модарандари Аҳрор... «Оо худоё, ман чаро ба ин хона даромадам?
Ба куҷо? Ба куҷо?» Даступо хўрдам ва надонистам, ки ба куҷо сар паноҳ кунам. Дари хона рў ба рўи идора.
«Фалак занад маро, чаро ин ҷо даромадам?»
«Шинам ё...» Аз тирезаи паси хона офтоб ба рўи хона чорчўбаи сурат барин нур афканда буд. Парида хестам ва аз он ҷо худро паси хона гирифтам. Кафшҳоямро фаромўш кардам.

18

Бегоҳони тирамоҳу зимистон зоғҳо сўи шимол парвоз карда ёде аз вайронаҳо меоранд. Кас ба бемадор бол задани онҳо зеҳн монда, манзараи роҳравии пири барҷомонда ва бекасу кўйро ёд меорад; баргҳои хазонзада, ғубори рўи деҳот, бод, аз лаби бомҳо паридани хазону коғазҳои ба рўяш мева хушк карда, бевазани болои бом, ки дар даст як лўнда лой дорад, гардан фурў кашидани кўдакон, аз саҳро баргаштани ҷуфтронҳоро мебинад. Зоғҳо танҳову села раванд, вале ҳеҷ кадомашон кабўтарро намонанд. Ман ҳар рўз кабўтар медидам, нигоҳам ба зоғҳо бархўрд.
Баргҳои хазони роҳравро рўфта истода будам, ки дарвоза кушода шуда, Комил гаранг-гаранг ба ҳавлӣ даромад.
— Канӣ? Куҷо? Чаро? – мегуфт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан