Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 54 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 54 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ман карахт шудам. Комил рў ба рўям омад ва як ангушташ ро ишора карда, дарвозаро нишон дод:
— Ана роҳ!
Ҳарфе назадам. Ҷорўб аз дастам афтид.
— Ҳам... Ҳамидахон, хостед, ки барои ман ягон ҳаромиро биёред? Не!... Шумо барои ҳамин маҳтобшабро дўст медоштеду ҳамроҳи бўзбалаҳо... А?!
Ман чизеро нафаҳмидам.
— Худро ба нодонӣ назанед, ҳамашро медонам... Кафшҳоятон канӣ?
Даст ба даҳон бурда, ангуштамро газидам, то ба ў ҷавобе нагардонам. Ман ўро ҳурмат мекардам, ҳамаи рафтору кирдораш ро медонистам, ў барои ман раис не, Комил буд. Ҳамин қадар ҷуръат кардам, ки як қадам ақиб мондам...
— Кафшҳоят канӣ?! – ларзида рафт ў.
Ба ҷои ҷавоб боз як қадам ақиб мондам. Ў ба сўям омад. Бовар доштам, ки зўрам ба Комил мерасад, бо вуҷуди он барои ғазабашро паст кардан:
— Комилҷон? – гуфтам.
Калавида ба ман бархўрд. Доштам. Ба сандуқи синаам такя зад. Ба хона дароварда, хобондам. Ду-се бор фарёд зад ва мисли гўсфанди гарданаш нимбурида ба хир-хир даромад...
Баъд Аҳрорро ҷустам, то гўям кафшҳоямро оварад. Ўро дар кўча сармаст дидам, «худоё, чаро ҳама алам аз мастӣ мегиранд?»
гуфтам ба худ ва ба ў хитоб кардам:
— Аҳрорҷон?!
Ў калавида, ба ман нигарист.
— Аҳрорҷон, ҳамон рўз кафшҳоям дар хонаатон мондааст, оварда медодед.
— Янгамулло, ман дигар ба он хона намеравам, – гуфт. «Фалак занад маро». Ҳайрон мондам. Ба хона гардам ё ба назди Салима равам. «Бахт аз таваккал» гуфта ба хонаи Салима рафтам. Дар паси дар истодам, ки дарашро кўбам ё на... Дарашро кўфтам.
Дар кушода шуд.
— Салом, ойтӣ!
— Ҳа... Ҳамидахон... Аҳрор нест...
— Ман назди шумо омадам...
— Хўш?..
— Кафшҳоям ҳамин ҷо монда буд.
— Ҳа! Кафшҳоятон, зани бовафо? – пичинг зад ў. Ман ба ў ҷавобе надодам.
— Кафшҳоятон чаро ин ҷо мондааст? Охир, шумо назди ман меомадед, боз кафшатонро пўшида мерафтед.
— Ойтиҷон, ман ҳозир ба шумо ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.
Ягон рўз мегўям...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан