— Ман кафши шуморо надидаам.
— Шумо надида бошед, ба Комил кӣ гуфт?
— Ман ба Комили шумо гапбару гапбиёр не-ку?! Гапатонро дониста занед! Сарҳангиро кӣ кунад? Ғар!
Дасту поям ба ларза даромад ва чашмонам сиёҳ заданд, худдорӣ кардам. Шукр, ки дар давраҳои духтариам ба чангам назад.
Тоқат наоварда, сухани худашро такрор кардам.
— Бале, ойтиҷон, сарҳангиро кӣ кунад? Ғар!
Ў наздик шуд. Аз даҳонаш бўи арақ меомад.
— Шумо маро ғар гуфтед?
— Не, ойтиҷон, ин гапро ба домоди шумо часпонанд ҳам, намеистад. Худатон хуб медонед, ки ғар киву порсо кӣ.
— Ба ман пичинг назанед, ман палонҷатон не.
— Шояд бошед?
Ў қадами пеш партофтаашро ақиб гирифт.
— Ойтиҷон, кафшҳои маро диҳед. Комил дар хона танҳо.
— Кафшатон... Кафшатон чӣ хел ин ҷо омад?
— Ҳозир ин чизро ба шумо гуфта наметавоиам. Вақташ ояд, мегўям...
— Ҳозир...
— Наметавонам. Моҳтоб барои шаб аст.
— Кафшат канӣ? – пагоҳӣ пурсид Комил.
— Дар хона, – сачоқро паҳлўи дастшў овехта ҷавоб додам. Ў рост ба чашмонам нигоҳ кард ва тарсакӣ ба баногўшам зад.
— Чаро дурўғ мегўӣ?!
— Дурўғ не.
Зарбаи дасти ўро писанд накарда ба хона даромадам ва кафшҳоро пеши пояш партофтам. Ў боз дар ғазаб шуд ва хост занад. Дасташро доштам ва дандонҳоямро ба ҳам фишурдам, ки аз байнашон чунин садое баромад:
— Ман Салима не.
— Чӣ гуфтӣ?
— Чизе, ки шунидӣ!
Ў башаст дасташро кашид ва боз хост занад. Боз дасташро доштам.
— Чӣ мурод дорӣ?!
— Куштан!
Тозон ба хона даромадам, кордро баровардаму дароз кардам.
Кордро башаст аз дастам рабуд. Интизори зарбаи корди ў будам, ки аз сутуни воиш садое баромад.
Корд ба сутун халида буд.





