Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 56 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 56 аз 470 · 3 ноябри 2026

Кабўтарҳоям чанд рўз бедарак шуданд. Хазон мерўфтам, ки дар фазо садои болафшонии кабўтар баромад. Чашм ба фазо дўхтам.
Кабўтари зоғча кабўтари кабуди даштиро ҳамроҳ овардаасту ба бом нишонда наметавонад. Кабўтари даштӣ гарданкашӣ мекунад.
Зоғча ба паст майл мекунад, вале кабўтари сафед нест.
Нахостам ба онҳо халал расонам, ҷорўбро дар роҳрав партофта, ба хона даромадам. Сояи деворҳо ба бадани дарахтҳо афтид, зардии офтоб нўги дарахтонро абрешимӣ кард. Ҳоло ҳам кабўтарон гирд мегаштанд. Офтоб нишасту кабўтарҳо ба лаби бом фаромаданд. «Ҳув-ҳув» намегуфтанд. Ҳамин ки ба лона даромаданд, даричаро пўшидам ва пагоҳ дошта болашонро буридам.
Кабўтари даштӣ рамида парвоз карданӣ шуд, болҳояш кўтаҳӣ карда, ба зери бом афтид.
Баъд мардум гап бофтанд, ки маро гуноҳи кабўтарон гирифтаасту барои ҳамин... барои ҳамин ҳам... Не, инро намегўям, инро ҳама медонанд...
Агар ман ҳамчун зан ба зарбаҳои Комил ҷавоб медодам ё ситеза карда баромада мерафтам, чӣ мешуд? Ба қавли мардум ман кабўтарбоз, беҳаё, шабҳо ҳамроҳи ҷавонҳо трактор меронам. Боз чӣ? Барои ҳамин ҳам худо ба ман... Не...
Намедонам, ки чаро дар як мавзўъ пайваста фикр карда наметавонам, хаёл маро боз ба ҳар диёр мебарад. Дилам танг шуду ба кўча баромадам. Аз дур касе тез қадам зада меомад,
— Салом, ойтиҷон.
— Салом, Аҳрорҷон!
— Хайр, ман ба аскарӣ...
— Чӣ хел?
— Шаб повестка доданд, бо шумо хайру хуш кардан омадам.
— Хайр, роҳи сафед...
Ин ҳам рафт. Одамоне, ки дили маро мефаҳманд, зуд аз наздам мераванд.
Комил барин марди вазнину ҳалим, ки бевафоӣ кард, аз дигарон чӣ гила? Гила ҳам не... шояд ҳамин хел чизҳо зарурате дошта бошад. Аз мансаб, вазифа. Не! Инҳо сабаб шуда наметавонанд.
Комил чизи дигар мехост. Шумо инро аз ман хубтар мефаҳмед.
Ман ҳам мехостам, ки ў фарзанд дошта бошад...


Сарам чарх зад… Аз дарвоза баромадам. Лекин намедонистам,
ба куҷо равам. Салима пеши чашмонам меомаду ғайб мезад. Сўи
хонаи ў рафтам. Аз паси шохаҳои бараҳнаи дарахти бед пеши назарам омад, ки Комил аз хонаи Салима мебарояд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан