Чаро чашмони ман якбора равшан шуданд. Комил ба идора не, сўи канал рафт.
Хостам баргардам, вале пойҳоям пеш рафтанд. Ба хонаи Салима. Пушти дар истодам. Дилам гуп-гуп зад. Гумон кардам, касе аз дарун дарро мекўбад. Беихтиёр кушодам. Салима бараҳна буд.
Маро диду шах шуд.
Ҳар ду рў ба рў будему мижа намезадем. Салима якбора ба ҷунбиш омад ва куртаашро напўшида сўи тиреза ҷаст ва аз он ҷо корд гирифт. Корд дар даст сўи ман меомад.
— Ма, куш...
Ў ҳамин қадар гуфту рўй тофт. Ман пеш нарафтам. Баъд ў фарёд зад.
— Гир, аз барои худо гир!
Дидам, ки ў мардонагӣ дорад ва ба гуноҳаш иқрор аст, паст наомадам...
Кордро аз дасташ гирифтам.
— Зан, ба ҳурмати худо зан!
— Ба худам занам?
— Не... Ҳамидахон, не!
— Салимаой, ман донам, ки Комил дар хонаи шумо будааст, намеомадам. Ман омадам, ки сабаби ин ҷо мондани кафшҳоямро гўям.
— Аз барои худо лозим нест. Медонам...
— Шумо, ки ба ҳамааш иқрор ҳастед, мо бояд дигар хел рафтор кунем... Шумо Комилро дўст медоред?.. Чаро ҷавоб намедиҳед?
— Чӣ, шумо аз ў рафтанӣ?
— Агар лозим шавад. Лекин шумо бо ў...
— Ба худатон насиб кунад...
Аз танўр нон мекандам, ки модарам омад. Ба чашмонам нигоҳ карда гирист.
— Чаро хароб шудаӣ?
— Не, бибиҷон, ман нағз, кор бисёр, монда шудам, – гуфтаму модарамро ба хона даъват кардам.
— Не, духтарам, ман бармегардам... Нон сўхт... кан, баъд гап мезанам...
Пай бурдам, ки модарам аз ҳама чиз бохабар...
— Туро бинам гуфтам, ин вақтҳо хабар намегиретон, парешон шудам.
— Домодатон серкор,
— Бетоб шудӣ?
— Не, бибиҷон.
Гуррӣ бод омаду чангу хазонҳои бомро парешон кард.





