— Бибиҷон, хона дароед, шамоли шайтон...
— Не, духтарам, ту даро, ман нонатро меканам.
Ман модар нашуда будам, вале ба қадри модар мерасидам.
Рафтори модарам ба ман зиндагӣ омўхта буд, маро насиҳат мекард ва дар зиндагӣ ҳама чиз шуданаш мумкин мегуфт: ҳо, ҳама чиз. Бевафоӣ, ки шуд... Акнун модарам насиҳат намекунад. Сукут меварзаду «калон шудӣ, ҳоҷати гап не» мегўяд. Ҳо, ҳоҷати гап не. Воқеаро ба модарам шарҳ надодам ва напурсидам, ки ба ҷои ман шумо мебудед, чӣ мекардед? Не. Ман пешакӣ медонам, ки ў чӣ ҷавоб медиҳад: «Сабр». Лекин дар паси ин сабр чӣ ҳаст, медонам.
— Духтарам, ман меравам...
— Домодатон биёянд...
— Не.
— Бибиҷон!!! Мардум мегўяд, ки гуноҳи кабўтарон гирифт.
— Не, духтарам, кабўтар гуноҳ надорад, ки туро гирад... Ҳоло ҷавон ҳастӣ. Ман падару бародаратро ҷуфттобут гўрондам. Агар ба сарат санги осиёб гардад ҳам, тоқат кун. Хурсандӣ сад ман борро мебардорад, вале хафагӣ сад ман бар сарат мезанад. Ҳамаи гапҳоямро гуфтам, худо пешониатро кушояд.
Модарам хаставу парешон рафт.
Омадани модарамро ба Комил нагуфтам. Ў имрўз шалпару бемадор омаду хўрок ҳам нахўрда хоб рафт. Аз зери мижгон маро мепоид. Гумон кард, ки ман аввала барин дасту пои ўро молида мехобонам. Ман паҳлўи дастархон, ки барояш кушода будам, ҳалқа задам. Ў маро интизор буд, ки наздаш меравам. Ман ўро интизор будам, ки чизе мегўяд. Хоб бурд. Худамро сабук ҳис кардам. Бедор шудам, ки рўи дастони Комил истодаам. Ў лаб мегазид. Чашмонаш ашколуд.
Маро ба сандуқи синааш пахш кард.
— Монед! – бегонаҳо барин дасту по задам. Беозор ба замин гузошту як бор бинӣ кашид. Боз оғўш карданӣ шуд. Тела додам.
Истод-истоду як тарсакӣ ба рўям зад ва рафтанӣ шуд.
— Чаро мезанед?
Боз як тарсакӣ зад ва хомўш бар остона нишасту гулўяшро молидан гирифт...
Бегоҳӣ барнагашт. Дилам шўр гирифт. Дарро қуфл задаму роҳбонӣ кардам, ки аз кадом сў меояд. Духтарчаи ҳамсоя ғаш мекарду «нон» мегуфт. Моҳ гўё ки нонро нав аз танўр канда ба дарё андохта бошанд, зери абрҳои тунук шино мекард. Ман сояи беқарори худро медидам. Дер гоҳ қадамзанӣ кардам. Деҳа ором шуд. Аз гўшае, гўшҳоям ҷеғ заданд ё рост буд, садои мўйсафед омад:
«Сафедори баланд як навдаву сад барги тар дорад, Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад».





