Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 59 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 59 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ман дар дилам мисраи ўро ислоҳ карданӣ шудам: «Чӣ парвои дигар дорад». Лекин бовар надоштам, ки ин рафтори Комил ишқ бошад. Ба назарам, ин як ҳавас намуд ва дурусттараш, аз ман халос шудан мехост. «Пас аз чанд вақт воқеа ранги дигар мегирад ва ман «безурриёт» эълон хоҳам шуд. Э фалак! Ғўра дар дарахт аст, ё бипазад, ё бодрезакаш бикун» гуфтам ба худ.
Шўри дилам кундаалоби шаби тўйро мемонд, ки гоҳ-гоҳ ба он равған мерехтанд: боло мешуду паст. Субҳи козиб барин пеши чашмонам равшану тор мегашт. Аз зулфини дар доштам, ки то ба рўз бихобам, вале бод хазону чанги роҳро рўфта, ба ман мезад.
Гумон кардам, ки зулфинро раҳо карда, ба ҷое наравам, хазонҳо ҷамъ шуда маро гўр мекунанд. Бигузор афсонаи «Шоҳдухтар»
барин то миён даруни хок бошаму сагбаччаҳо пистони маро бимаканд... Не... не... Ба худо, ки не... Ман зулфинашро раҳо мекунам, меравам... Эй шабҳои тўфонӣ, эй шўри зиндагӣ, табл бизанед, ки пўсти он аз пўсти одам аст. Бизанед, ки ҳамроҳи хазонҳо рақс кунам... Эй баргҳои хазонзада, раҳгузаред, шумо ҳамроҳи ман наед. Биҷаҳед, шуморо ё оташ интизор аст, ё чоҳе... Вале ман ба сўи дигар меравам, ба сўе, ки бод шуморо меорад. Биравед аз пеши ман, таровати шуморо дидаам...
Садои мўйсафед наздик омад ва «фах» гуфтани гурбае ба гўшам расид. Гумон кардам гурба зери сумҳои хари мўйсафед монд.
— Падар, писарҳоятон аз ҷанг баргаштанд? – беихтиёр хитоб кардам сўи ў. Нашунид. Боз хитоб кардам. Боз нашунид. Аз кўчаи паҳлў гузашту рафт.
Беихтиёр қадам задам. Хазони пеши дарвозаро пахш карда гузаштам. Пеши Салима меравам.
Деҳа торик ва хомўш аст. Дари Салима аз берун қуфл. Дари идораҳо ҳам баста. Ба назарам, дар шаб ба ғайр аз дари осмон, ки ба пешвози хуршед боз аст, ҳама дарҳо баста мешаванд. Ҳатто дари хонаи худам ҳам баста аст. Ба куҷо? Ба моҳ, ба ситораҳо?
Шабонгаҳ онҳо касро сўи худ мехонанд. Чашмак мезананд, интизор мешаванд. Вале мо хокием...
«Чаро маро доштӣ, Аҳрор? Чаро аз сари манор доштӣ?!» Хотирам ба гузашта заду хостам ба ў нафрат кунам, вале... Барои чӣ?
Не, нафрат ба худам... Акнун ман марги марг ҳастам: «зиндагӣ ширин»...

20

Комил се рўз наомад. Се рўз ҳам ба дари Салима рафтам, ки қуфл. Шояд рафта бошанд, вале аз касе напурсидам, ки Комил куҷо рафтааст. Рўзи дуюм ва сеюм дидам, ки аспи ўро саройбон ба об мебараду мебиёрад. Маълум, ки дар ин ҷо нест.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан