Рўзи чорум Комил омад. Лоғар. Шаҳр рафта будааст. Ба ман бепарво ва бегона буд. Ҳатто чой наҷўшондам. Фаҳмад, ки ман ҳам дил дорам, ман ҳам қадр дорам.
Боз чанд рўз ба хонаи Салима рафтам: қуфл. «Аҷабо! Охир, чаро ба хонаи ягон каси дигар нею ба хонаи ў меравам?»
Сарам ғавғо дошт; гап ба гап намепечид. Ба куҷо рафтанам ро худам намедонистам. Ногоҳ ба дари Салима расидам. Қуфл набуд.
Оҳиста дарро кўфтам. Ҳалқаи дар бардошта шуд. Ҳалқаи нав. Рў ба рўям Салима, мўяш гирди тоқии нав чанбар аст.
— Ба дилатон ҳам задам, – ба ҷои салом гуфтам ба ў.
— Не, – гуфт оҳиста.
— Чанд рўз боз меоям, нестед.
— Ҳа... як ба шаҳр рафта будам, – хеле парешону хаста ҷавоб дод ў, вале хоҳиш надошт, ки дароям.
— Ба шумо гап доштам.
— Гўшам ба шумо.
Чашмам афтид, ки дар рўи хона як той махмали сурх истодааст.
Ба дарҳо пардаи махмали нав. Ҳоҷати ба хона даромадан не.
— Дар остона наистем, берун...
— Ба хона дароед.
Ноилоҷ даромадам. Дар паҳлўи хариди нави ў мўзаи хироми мардона меистод. Дар сари мех ҷомаи беқасабу тоқии чустӣ. Хонаи ў хонаи наварўс барин.
— Ойтиҷон, – муроҷиат кардам ба ў, – ман дигар тоқат надорам. Биёед ошкоро гап занем... Маро ҳарчӣ гўед, мардум ҳарчӣ гўянд, майлашон. Аз шумо хоҳиш дорам: бо Комил як ҷо шаветон, ман назди модарам равам. Ман гуноҳро ба гарданам мегирам...
Ў ба гапи ман чавоб нагуфта, дари хонаи дарун кушода шуд ва Комил баромад. Маро дида, дасту по хўрд. Сўи Салима нигарист.
Баъд сараш хам шуд,
— Не... не. Саратонро бардоред. Ман гунаҳгорам. Ман... – дастамро аз дасташ раҳо карданӣ шуда ба шаст кашидам.
Ў сахттар дошт.
— Акнун ҳамин хел шуд...
— Ман ҳеҷ чиз нагуфтаам-ку!
— Ҳар ду бояд муросо кунед.
Салима нафас намебаровард. Як қадам сўи дар мондам.
— Биист!
— Ман ҳамаашро ба Салима гуфтам. Ман мехоҳам, ки шумо хушбахт шавед.
Девонаҳо барин аз дари ў баромадам. Комил аз пасам тохта омад.





