Гумон кардам, ки ҷанг тамом шуду мо тинҷ мешавем. Ҳама орзуям монанди оташи хас дар як он хомўш шуд. Ба сарам санги осиёб гашт.
Ман, ки айбро ба гардан гирифта будам, боз ба рўи бори айб сарборӣ гирифта, ба миёна даромадам: Салима зани никоҳии Комил шуд. Вале ў ба хонаи мо наомад. «Рафтуомад мекунем, ман ҳамин ҷо мешинам» гуфт.
Рўзҳои аввал чунин намуд, ки ман ҳамчун навниҳол дар баҳорон аз нав сабз шудам. Вале ҳис мекардам, ки ҳамчун дарахти бесамар сар мекашаму тирамоҳ, ки расид, шохҳои он дарахтро шикаста, ба охури моли парворӣ мепартоянд.
Ману Салима барои Комил ҳамчун мурғони даштиву хонагӣ будем: Салима дили васеъ дошт, дар хонаи танг ҷой мегирифт, вале ба дили ман дунё тангӣ мекард.
Боз ба сари рул нишастам. Дашт ба назарам ниҳоят васеъ шуда буд ва агар дуртар трактор ронам, мўсафеди даштбонро намедидам. Лекин бозии гўшаки телпакаш, харсавориаш доим пеши назарам буд. Гумон кардам, ин марди танҳо – соҳиби даш ти васеъ, дилфигорро, ки писаронаш аз ҷанг барнагаштаанд, дигарбора нахоҳам дид. Мо дар як дашти паҳновар ду танем. Ў ба дарди худ, ман ба ғами худ. Ў ба ман дар зарфи махсусе, дар қумқумаи аз ҷанг овардаи додарзодааш, ки ҳамчун ёдгорӣ гирифта мегашт, об меовард. Ман дар рўи трактор обро якбора дам кашида, ба ў раҳмат мегуфтам ва ба риши сафедаш нигоҳ мекардам. Вай табассум карда «эй духтарҷоне» гуфта меомад. Чунон аст, ки дар зиндагӣ ба ғайр аз маркабаш чизи дигар пеши назараш наменамуд. Ё шояд барои андармонии худ доим ёли онро сила мекард ва гардану сағриашро мемолид.
Ин баҳор баҳори бахосияте буд магар, ба ман шогирди нав омад: Ҳабиба. Дар хонаи баччагони шаҳр тарбия ёфтааст. Духтари ором. Хатхон, вале таҷрибаомўз. Ба ҳар ҳол ҳамроҳ. Вале ман кӣ ва чӣ будани ўро дуруст надониста, моҷарои дигаре сар шуд:
Ман вақту бевақт хонаи Салима намерафтагӣ шудам. Аз шаҳр модарам ва ду кампири дигар омаданд, ки хонаи Салима равем...
Меҳмондории Салима раисона буд. Вале ман хостам, ки боз як чиз илова шавад. Дар кодоки болои дар чанд сар ҷуворӣ овезон буд. Аз Салима хоҳиш кардам, ки бирён кунад.
Ў ҷуворӣ бирён кард. Шукуфтаашро дар лаълие овард ва дар ҳован чизеро кўфт.
Ман ба корҳояш ёрӣ диҳам гуфта ба ошхона гузаштам. Дар тақсимча кўфтаи ҷувориҳои ношукуфта меистод. Як каф гирифтам, тахир. Ў як бо гўшаи чашм нигаристу боз ба кор андармон шуд.





