— Ойтӣ, ин барои кӣ?
— Барои Комил-акетон... Каме сўхта тахир шудааст.
— Хайр... – ҳазл кардам ба ў ва боз ду-се каф болои ҳам хўрдам.
Ў гаштаву баргашта менигарист. – Ёрӣ диҳам?
— Нее, не, ҳамааш шудагӣ. Гузашта шинед...
Сари дастархон. Сарам чарх зад, дилам беҷо шуда, аз даҳонам гуп-гуп оташ баромадан гирифт. Тохта, берун баромадам. Сарам гашта ба дар задам. Ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки Салима тохта омаду садои «чӣ шуд, чӣ шуд»-и модарам дар гўш монд...
22
Баъди як моҳи табобати духтурон шифо ёфта, аз бемористон баромадам. Комил ҳама рўз меомад. Баъд ҳам омада, узру маънӣ гуфт. Вале дигар ҳаваси ҷоҳу ҷалоли Комил накардам. Ба ў як даҳон ҳам гапи бад нагуфтам. Аз чеҳрааш маълум буд, ки ба чунин аҳвол гаштани ман марги ўст. Ў зорӣ мекард, ки баргардам:
— Ҳамида, баргард, маро дубора накуш!
— Не, Комилҷон, шумо хушбахт шавед!
Модарам як даҳан рав ё нарав нагуфт. Вале тағову янгаам заҳр мезаданд, ки равам. Заҳрро заҳр давост. Ман, ки заҳролуд шуда будам, ин чизҳо ба ман таъсир накард, вале баъд ба андеша рафтам... Сарамро сари зонуи модарам мондаму гиристам. Ў ашкамро бо гўшаи қарси сафедаш пок карда, «гиря накун, кирои гиря намекунад» гуфт. Қатраи ашкаш ба рўям шорид. Оҳиста аз зери пардаи ашк ба ў нигаристам, ки мегиряд. Ашкамро зуд пок карда:
— Не, бибиҷон, не, кирои оби чашм не, – гуфтам.
Ў боз сарамро оғўш карда, ба сари синааш пахш кард. Давраеро ёдам меовард, ки синаи ўро макида хобам мебурд.
— Бибиҷон, боз равами?
— Не... Не... – у маро сахттар оғўш кард, гўё аз нав ба дилаш ҷо карданӣ буд. – Не, дигар, ҳеҷ куҷо намеравӣ.
Чашмонам сиёҳӣ заданду саҳрои фарох, трактор, мўйсафеди даштбону Ҳабибаи навшогирд пеши назарам омада, зуд ғайб заданд ва баъд як села кабўтарон ба дуродур парвоз карда, аз назар нопадид шуданд.
Рўзҳо мисли рўди кўҳӣ шитоб доштанд. Ҳар гаҳ ман ба чашмони модарам менигаристам ва ў ба чашмони ман, чашмони ў олами бесеҳре буданд, вале ба мисли рўзгори пурошўб. Ў дурудароз ба чашмонам менигарист ва номаълум сар меҷунбонд. Ҳарфе намезад, рў ба дигар тараф метофт. Ман мефаҳмидам, ки дар нигоҳи ў ҳасрате ҳаст.
Ҳис мекардам, ки хеле нотавон шудаам, гўё аз пистони модар заҳр макидаам, акнун ба устухонам кора мекунад.





