Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 63 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 63 аз 470 · 3 ноябри 2026

Боз ба мадрасаву манора омадам, ки кабўтарҳои худро бинам.
Мадоре надоштам, то ба манора бароям. Нақли Аҳрор ба ёдам омад, ки ҳамин мадрасаро Бибихоним пўшондааст... Ба фикр рафтам: «Мо чӣ?» Ба саволи худ ҷавоб ёфта натавониста, ду-се қадам боло баромадам. На садои кабўтар буд ва на худаш. Писараке шапкаашро ба рўи абрўвонаш кашида, дар даст камонғўла омадани кабўтаронро мепоид. Гўшҳоям ҷеғ заданд. Гўшҳоямро доштам. Гумон кардам, ки маро касе ҷеғ мезанад. Ба қафо нигаристам, касе нест. Воҳима гирифт. Қафо гаштам.
Зани тағоям маро субҳдам бедор карду ангуштариҳои тиллояшро аз ангуштонаш кашида, ба даруни пиёлаи ҷигдагул андохт ва нон рост карда пухту сабади нонро ба фарқи сарам гузошт. Ман аз дарвоза берун қадам мондаму мардеро дидам, ки теғ кашида нигоҳ мекард.
«Не!» - беҳушона фарёд кардам ва сабади нон аз сарам парид.
— Натарс, натарс, ба ту корам не, – мегуфт он мард ва нонҳоро чида ба сабад меандохт.
Зани тағоям тохта баромад, ки нонҳо пош хўрдаанд.
— Шумо мебахшед, – гуфт он мард ба зани тағоям. Дуруст тар нигоҳ кунам, он мард Комил аст.
— Тўтиой, ман ба Ҳамида гап доштам, – гуфт Комил.
— Ҳа, марҳамат, ба хона дароетон, тағомуллотон наздатон рафтанӣ буданд, – гуфт зани тағо ва ба гирду пеш чашм давонд, ки Комил ягон чиз овардааст ё не. Чизеро надид, кайфаш гурехт ва ба ман ало нигоҳ кард. Ман ба дарвозаи ҳамсоя чашм дўхта гўё нигоҳи заҳролуди ўро намедидам.
— Домод, дароед! – боз таклиф кард ў.
— Раҳмат, ман меравам, ба Ҳамида гап дорам.
— Медаромадед… тағомуллотон омада мемонанд, – гуфту паси дарвоза шуд...
Комил аз бағалаш чизи коғазпечро бароварда ба ман дароз кард:
— Ма!
— Не, раҳмат!
— Гир, аз они худат. Пули меҳнатат. Колхоз дод, аз они ман не.
— Не, ба ман ҳеҷ чиз лозим не.
— Гир, одам ин хел намешавад, – гуфта ба дастам гузошт. Гўё ман холо ҳам итоаткори ў будам, ки гирифтам. – Хайр!
Ў дигар чизе гуфта натавонист. Тоқат накарда тез-тез қадам монда рафт ва ман «хайр» ҳам нагуфтам....
Дарвозаро сахт кушодам. Аз паси он овози касе баромад.
Даромадам.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан