Ў сарашро дошта «уф-уф» мегуфту чашмаш ба коғази дасти ман буд.
— Вай чӣ? – тоқат накарда пурсид ў.
— Ҳуҷҷат! – гуфтаму ба ҳуҷраи модарам рафтам.
— Ўў! Нонро намебарӣ-чӣ?! – фарёд кард ў. Ман ба ў ҷавобе надода коғазпечро байни кўрпаҳо гузоштаму сабади нонро тори сар карда бозор рафтам... Аз байни одамон чашмонам касеро меҷустанд. «Агар Комил бинад, ки нон мефурўшам, якбора ҳамаи нонҳоямро мехараду... Ҳо, не, ман дигар бо ў рў ба рў намешавам, ў бо ман ҳамгап не...»
— Нонатон чанд пул?
Овози дупўстаи марде маро ба худ овард. Аз ҳаяҷон ба рўяш нигоҳ карда мондам.
— Чанд пул?
Нархашро гуфтам.
— Ин қадар қимат? – гуфту ба нони ҳамсоя гузашт. Ман чизе ҷавоб дода натавониста, зани тағоямро ҳақорат кардам. Хостам нонро бардошта барам, боз мулоҳиза кардам. «Ҳамин дафъа фурўшам, дигар намеоям»...
Он мард баргашта омад. Ин дафъа ба нон не, ба ман нигоҳ мекард. Дергоҳ зеҳн монд. Одамон ба ману ў менигаристанд. Ба куртаи ман кайк даромад.
— Одам гум кардед? – худро аз хиҷолат бароварданӣ шудам ман.
— Не. Номатон чӣ?
— Коратон чӣ?
— Лозим. Шуморо ба як кас монанд карда истодаам, лекин...
– гуфт мард ва даст ба пешониаш бурд. Пас аз фурсате пурсид:
– Шумо Аҳрорро мешиносед?
— Кадом Аҳрорро?
— Аҳрори ҳамсинфи маро... Ман Нусрат, нашинохтед?
— Не. Тамоман дигар шудаед.
— Ҳа, пас аз ҷанг....
— Шумо Аҳрорро дидед?
— Ў аввалҳо ба ман хат мекард, баъд якдигарро гум кардем, лекин кадом рўз бо як кас вохўрдем, гўё Аҳрорро дар Душанбе дидааст.
— Дар Душанбе? Ростӣ?!
— Ҳамин хел гуфт... Боз аниқ кунам, ба шумо дарак медиҳам...
Дар таги сабад як нон монд. Дергоҳ нигоҳ кардам, ба фурўш нарафт. Сабадро бардошта рафтам. Зани тағо гирифта шумурду «Нархи як нон кам-ку?» гуфт.
— Нон дар сабад. – ҷавоб додам..





