Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 65 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 65 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Як нонро фурўхта натавонистӣ? – таъна кард ў. Ҷавобе надода, ба ҳуҷраи модарам рафтам. Паҳлўи ў нишастам. Чашмам ба янга афтид, ки рўи ҳавлӣ парешон мегашт ва лаби поёнашро газида, лаҳза ба лаҳза ба дару тирезаи мо менигарист. «Наход барои як нон... Пул нашуд, баччаҳо мехўранд» гуфтам ва хеста коғазпечи Комил овардаро аз байни кўрпаҳо гирифта кушодам.
Аз байнаш китоби хурд, ки онро модарам «китоби ғазал» мегуфт ва чанд яксўмиву сесўмӣ баромад. Дар ҳайрат афтодам... «Наход ноумед маро фиреб кард?» – гуфтам ва аз тиреза ба берун нигаристам. Янга худашро мисли мурғи аз об баромада афшонда, сўи мо омад. Дарро кушода даромада «Ўў, Ҳамидаой, пулатон будааст»-а гуфт.
— Лозим бошад, гиред,– гуфтам. Ў каме худро қафо кашида:
— Не, ба ман чӣ лозим. Ба худатон лозим мешавад, – гуфт.
Модарам болиштро бардошта, «китоби ғазал»ро наёфт ва «китоби ман канӣ» гуфт. Янга боз каме худро қафо кашид.
— Канӣ, китобро ба ман те, дар қабаташ як сўм буд, – гуфт модарам ва китобро гирифта кушода, – китоби ман ҳамин, чӣ хел он ҷо рафтааст? – гуфта ба янга нигарист.
— Ягон вақт ба домод дода бошед, оварден-дия, – ҳайрати моро парешон карданӣ шуда гуфт ў.
— Ҳамин пагоҳӣ дар таги сарам буд.
— Комил ин хел фиреб намедиҳад,– гуфта аз модарам пурсидам:
– Бибӣ, ба хона кӣ даромада буд?
— Ба хонаи шумо кӣ медаромад? – таъна кард янга. Ҷаҳлам омаду худдорӣ кардам. Модарам ҳам ҷавобе надод.
Янга як «ҳуъ» гуфту ҷилва карда, баромада рафт. Ман аз тиреза ба ў нигоҳ мекардам. Рўи ҳавлӣ истод, нохуни нарангушташро хоидан гирифт.
— Биб, пул додани Комилро янга аз паси дарвоза поида, дида буд, шояд...
— Дар ҳақи як кас гумони бад накун, духтарам, – гуфт ў ва ба фикр рафт. Ман ҳам хаёл карда мондам: «охир, чаро ман ин қадар боандеша, чаро ин қадар худро таҳқир мекунам, паст мегирам?
Нони даҳони маро мегиранду шояд... шояд... гуфта мешинам».
— Бибиҷон, ба худо, ки ин кори янга.
— Ором шав, кас барои пулу чиз ҷанҷол намекунад.
Сухани модарамро нашикастам.

23

Дастам даруни кафки собуни тағора, ҳушам ба кабўтарҳо рафт, парвозу нигоҳашон пеши назарам омад ва якбора гум шуд. Ҷои онҳоро чеҳраи ҷиддии Аҳрор гирифт: «Наход рост бошад? Ў зинда?
Набошад, чаро ба Самарқанд барнагашт? Ҳа, ранҷидагӣ... баъд аммаам...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан